Ҳазорон нафар аз мардуми мухталифи Англис дирӯз шанбе ба рағми ҳушдори мақомҳои давлати Лондон барои баргузории тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ, дар қалби Лондон таҷаммӯъ карда ва бо сардодани фарёди озодии Фаластин хостори таваққуфи ҷиноёти режими палиди Исроил шуданд.
Ширкаткунандагон аз ақвом ва миллитҳои мухталиф дар ин ҳаракат эътирозе, ки дар миёни тадобири шадиди амниятӣ баргузор шуд, бо ҳамли парчами Фаластин ва шиорнавиштаҳое, ки рӯи он иборатҳои дар маҳкумияти ҷиноёти режими кӯдак куши саҳюнистӣ навишта шуда буд, муқобили сохтумони шабакаи "BBC" дар қалби Лондон таҷаммӯъ карда ва шиори марг бар Исроил сар доданд.
Давлати Малдавия ҳам бо судури баёнияе бар ҳимояти худ аз мардуми Фаластин таъкид ва таҷовузи низомии мустамарри (режими) Исроил ба ғайринизомиёни бегуноҳ дар Навори Ғаззаро ба шиддат маҳкум кард.
Қудс Ал-Ахбория ҳам гузориш дод, ки тазоҳурот муқобили сафорати Амрико дар Аман, пойтахти Урдун дар маҳкумияти сафари вазири хориҷаи ин кишвар ба Урдун ва ҳимоятҳои Амрико аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза низ имрӯз баргузор шуд.
Мардуми Покистон низ дар ҳимоят аз Фаластин ва амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо бо баргузории роҳпаймоӣ ҷиноёти режими палиди саҳюнистиро ба шиддат маҳкум карданд.
Мардуми Сиднейи дар Австралия низ дирӯз шанбе, дар ҳимоят аз мазлумони Ғазза ва маҳкумияти ҳамалоти ҷинояткоронаи саҳюнистҳо роҳпаймоӣ карданд.