Ба гузориши ИКНА, бо оғози амалиёти Тӯфони Қудс, шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз манобеи иттилоърсонӣ дар мавриди ин амалиёт ва бозтоби ранҷи миллати Фаластин дар бомбаборони бевақфаи Ғазза шудаанд. Бо ин ҳама дар канори ин иттилоърасонӣ, вуҷуди иттилооти нодуруст, ҷонибдорона, ахбори ҷаълӣ ва иттилооти ғалат боис шуда, ки сояое аз шак ва тардид дар мавриди корбурди ин шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавоқеи буҳронӣ монанди ҳаводиси ахир дар Ғазза ба вуҷуд ояд.
Дар ин миён, сиёсатҳои пултаформҳои мухталифи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам гоҳе ба далоили мухталиф дучори офати стандартҳои дугона шуда ва дар бештари мавоқеъ тарафи фаластинӣ бо маҳдудиятҳо ва мамнуъиятҳо ба баҳонаи сарпечӣ аз сиёсатҳои платформ рӯбарӯ мешавад.
Рӯзномаи Нию-Йорк Таймз дар гузорише ба ин мавзӯъ пардохта ва навиштааст, ки ҳазорон нафар аз ҳомиёни Фаластин мегӯяанд, ки навиштаи онҳо маҳдуд ё аз Фейсбук ва Инстаграм ҳазф шудааст. Ин дар ҳоле рух дода, ки ин паёмҳо қавонини платформҳро нақз намекунанд.
Ширкати Мета, ки молики ин ду шабакаи иҷтимоӣ аст, иддао кард, ки бархе аз ин навиштаҳо ба далели як ишколи тасодуфӣ дар системаҳои ширкат аз дид пинҳон шудаанд.
Ба гуфтаи корбарон, бештари паёмҳои ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин, ки бисёре аз онҳо дар асари ҳамалоти ҳавоӣ Исроили палид овора, маҷрӯҳ ё шаҳид шудаанд, аз фазои платформ пинҳон шудаанд. Бархе афрод ҳамчунин гузориш додаанд, ки Фейсбук ҳисобҳоеро маҳдуд карда, ки хостори эътирозоти мусолиматомез дар шаҳрҳои саросари Иёлоти Муттаҳида дар ҳимоят аз ҳуқуқи машрӯъи миллати Фаластин буданд, аз ҷумла таҳассунҳои барномарезӣ шуда дар минтақаи халиҷи Сан-Франсиско дар охири ҳафта.
Аё Умар (Аya Оmar), муҳандиси ҳуш маснуӣ, ба Нию-Йорк Таймз гуфт, ки наметавонад ҳисобҳои расонаҳои Фаластиниро, ки мураттабан мехонад, бубинад зеро Мета ва Инстаграм он ҳисобҳоро масдуд мекунанд. Мардум нусхае солим аз вақоеи Ғаззаро мушоҳида мекунанд.