IQNA

Ҳимояти Момика аз режими саҳюнистӣ + филм 

19:20 - October 22, 2023
рақами хабар: 611
Шветсия (ИКНА) Селван Момика, ки то кунун чандин бор ба Қуръон беэҳтиромӣ карда буд, рӯзи гузашта бо такрори ин беҳурматӣ, ҳимояти худро аз режими палиди саҳюнистӣ дар ҷанги алайҳи Фаластиниён эълом кард.

Селван Момика, ки қаблан борҳо иқдом ба Қуръонсӯзӣ карда буд рӯзи гузашта бо такрори беҳурматӣ ба Қуръони Карим, парчами Исроилро ба эҳтизоз даровард.

Селван Момика рӯзи шанбе дар Стокголм пойтахти Шветсия дар ҳоли бӯсидани парчами Исроил бо густохии тамом нусхае аз Қуръони Каримро лагадкӯб кард.

Як рӯз пеш аз он Момика эълом карда буд: фардо парчами Исроилро барафрошта, бо Исроил эъломи ҳамбстагӣ хоҳам кард ва Қуръон ва парчами Фаластинро дар Стокголм ба оташ хоҳам кашид.

Момика тайи моҳҳои ахир чандин бор иқдом ба Қуръонсӯзӣ кард ва вокунишҳои зиёдеро дар ҷаҳон барангехт. Ӯ дар 28 июн ва дар рӯзи иди Қурбон дар муқобили масҷиди аслии Стокголм ин иқдоми хасмонаро бо муҷаввизи полис анҷом дод.

Давлати Ироқ пештар аз мақомоти шветсияӣ хост то ин муҳоҷири ироқиюласлро, ки чунин ҷиноёте анҷом медиҳад, барои муҳокима таҳвили ин кишвар диҳанд.

Ин муҳоҷири ироқӣ, ки ба дастдоштан дар парвандаҳои дигар ҳам муттаҳам аст, ҷинояти Қуръонсӯзиро дар муқобили сафоратхонаҳои кишварҳои исломӣ аз ҷумла Ироқ, Эрон, Туркия ва Миср такрор кард ва мӯҷиби эъломи инзиҷори кишварҳои исломӣ ва созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ шуд.

Давлат ва мақомоти шветсияӣ низ, ки чандин бор муддаӣ баррасии ҳуқуқӣ ва сиёсии ин иқдомот дар кишварашон шудаанд, дар амал ба ҳимоят аз ҷиноёт алайҳи Ислом ва таҳрики эҳсосоти мусулмонони ҷаҳон идома медиҳанд.

Дар идома видеои ин ҳаттокии Қуръонситезиро мушоҳида мекунед, ки бо дар даст доштани парчами режими палид ва касифи Исроил аз саҳюнистҳои кӯдаккуш дифоъ мекунад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4176969

captcha