IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 25

Қории тавонманде, ки фурсати машҳуршудан надошт

15:03 - October 25, 2023
рақами хабар: 623
Қории тавонманде, ки фурсати машҳуршудан надошт
Теҳрон (ИКНА) Абдулазиз Алӣ Ал-Фараҷ аз қориёни мисрӣ аст, ки ҳамдавра бо Абдулбост ба қироати Қуръон мепардохт, аммо ба далели мушкилоте, ки дошт натавонист шӯҳрати зиёде касб кунад. Бо ин ҳол яке аз асотиди барҷастаи Миср ба шумор мерафт.

Устод “Абдулазиз Алӣ Ал-Фараҷ” дар соли 1927 м дар Миср мутаваллид шуд. Баъд аз ҳифзи кулли Қуръон дар маҷолис ва маҳофил ҳузур меёфт.

Дар соли 1962 дар баробари ҳайати маҳорат санҷии радиои Миср қарор гирифт ва аз байни 170 нафар ширкаткунанда, вай ба ҳамроҳи се нафари дигар ба радио роҳ пайдо кард.

Яке аз корҳои Абдулазиз Алӣ Ал-Фараҷ ин буд, ки ҳар рӯз дар маҳалли қаҳвахона ҳозир мешуд. Қаҳвахона дар фарҳанги он замон маҳалли муносибе барои гирдиҳамоӣ асҳоби адаб, фарҳанг ва ҳунар будааст ва хеле аз қориён ва мубтаҳилон дар он маҳал ҳозир мешуданд ва баҳсҳои хубе дар робита бо улуми қуръонӣ доштанд.

Алӣ Ал-Фараҷ тақрибан яке аз қориёне буд, ки ҳар рӯз дар ин мабоҳис ширкат мекард. Яке дигар аз афроде, ки дар баҳсҳо бо Алӣ Ал-Фараҷ вақт мегузошт, “Абдулбосит” буд. Вай бо Абдулбосит ва “Мустафо Исмоил” робитаи хуберо барқарор кард ва ин дӯстӣ идома пайдо кард то инки дар авохири умри Алӣ Ал-Фараҷ ба далели беморӣ ва мушкилоте, ки барояш ҳодис шуд, аз лиҳози молии мушкилоти зиёдеро пайдо кард. Ба гунае, ки ҳатто вақте вай аз дунё рафт маросими тарҳем вайро Абдулбосит баргузор кард.

Аз Алӣ Ал-Фараҷ, ки қории нобиное буд, ба далели бурузи беморӣ ва мушкилоти молӣ тиловатҳои зиёде ба ҷо намондааст бо ин ҳол, ӯ дорои садои қавӣ ва маҳкам буд.

captcha