IQNA

Тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин дар тамоми ҷаҳон 

16:26 - October 29, 2023
рақами хабар: 637
Фаластин (ИКНА) мардум кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин ва маҳкумияти ҷиноёти режими Исроил даст ба тазоҳурот заданд.

Ба гузориши хабаргузории "Фаластин Ал-Явм", ҳазорон фаъол дар хиёбони маъруфи "Wall Street" дар шаҳри Ню-Йорк ҳузур ёфтанд ва дар роҳпаймоӣ азиме идомаи таҷовузоти саҳюнистҳо алайҳи Навори Ғазза ва ширкатҳои амрикоӣ тавлидкунандаи силоҳ ва бомбаро маҳкум ва бо миллати мазлуми Фаластин ибрози ҳамбстагӣ карданд.

Артиши ишғолгар барои бомбаборони ғайринизомиёни бедифоъ аз ин силоҳҳо истифода мекунад, ки ҳазорон шаҳид ва маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.

Ширкаткунандагон бо барафроштани банерҳое мухолифати худро бо ҳимояти низомӣ ва дар ихтиёр қарор додан силоҳҳои сангин барои куштори ғайринизомиёни фаластинӣ аз сӯи ширкатҳои ҳамчун "Локхид Мартин", "Вуд Ворд" ва "Боинг", "General Dynamics F. Ration Technologies", эълом карданд. 

Онҳо аз ин ширкатҳо хостанд арзаи бомб ва таслиҳот ба Исроил бо ҳадафи анҷоми қатлиом алайҳи мардуми Фаластинро мутаваққиф кунанд.

Дар Вашингтон, тазоҳуроткунандагони хиёбониро, ки дафтари Ҷон Феттерман, намояндаи Вашингтон дар Конгресси Амрико дар он қарор дорад, бастанд ва хостори поён додан ба ҷанги ишғолгарони Исроили алайҳи мардуми мазлуми Фаластин шуданд.  Тазоҳуроткунандагон лӯхтаки калон ба шакли он Феттерман, ҳамл мекарданд, ки рӯйи он шиори «сокит дар мавриди поксозии нажодӣ» навишта шуда буд.

Даҳҳо мӯътариз ҳамчунин дар муқобили дафтари Адам Шиф, намояндаи Конгресс, дар ҳимоят аз оташбас дар Ғазза таҳсин карданд. Мӯътаризон банери бузургеро ҳамл мекарданд, ки рӯйи он навишта шуда буд: «алон бояд оташбас барқарор шавад».

Шаби гузашта дар Брюссел, пойтахти Белгия ва шаҳри Барселонаи Испания, дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва маҳкумияти таҷовузоти ҷорӣ алайҳи Наворти Ғазза маросиме баргузор шуд.

Дар Брюссел, ҳамзамон бо нишасти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди масъалаи Фаластин, бо ҳузури ҷамъи касире аз аъзои ҷавомеъи фаластинӣ ва арабӣ, ширкаткунандагон бо барафроштани парчами Фаластин ва банерҳои дар маҳкумияти қатлиом тавассути ишғолгарон алайҳи мардуми Фаластин хостори иқдоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кӯмакҳои башардӯстона дар сареътарин замони мумкин шуданд.

Ширкаткунандагон ҳамчунин аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо хостанд, ки режими ишғолгари Исроилро мулзам ба таваққуфи таҷовузоти худ ба мардуми Фаластин ва риояти қавонини байналмилалӣ ва қатъномаҳои Созмони Милал кунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4178458

captcha