Рӯзи ҷумъа мақомоти Толибон масҷиди бо меъмории шабеҳи ба Қуббатуссахраро дар Кобул ифтитоҳ карданд.
Ин масҷид дар таппаи вазир Муҳаммад Акбархони Кобул ба шакли Қуббатуссахраи Қудси шариф тарроҳӣ ва ба номи мулло Муҳаммад Умар Муҷоҳид номгузорӣ шудааст.
Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохилии ҳукумати Толибон дар маросими ифтитоҳияи ин масҷид дар бораи ҳамалоти Исроил ба Ғазза суханронӣ ва ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба мардуми Фаластинро маҳкум кард ва онро иқдоми нобахшуданӣ хонд.
Вай бо баёни инки ҳамаи мусулмонони ҷаҳон бояд аз Фаластин ҳимоят кунанд гуфт: зулм ба мусулмонони Фаластинро ба шиддат маҳкум мекунем ва онро ҷинояти нобахшуданӣ медонем, ки мусулмонон дар маърази он қарор мегиранд.
Сироҷуддин Ҳаққонӣ афзуд, ки тамоми уммати исломӣ ба шумули мардуми Афғонистон худро шарики ғами Фаластин медонанд ва бо онон ҳамдардӣ мекунанд.
Сарпарасти Вазорати дохилаи Толибон гуфт: дар чунин рӯзе масҷиди мо ба ном ва ёди марҳум мулло Муҳаммад Умар Муҷоҳид ифтитоҳ мешавад.
Ин масҷид тавассути як ширкати туркияоӣ тарроҳӣ ва сохта шудааст. Намояндаи ин ширкат, ки дар ин маросим ҳузур дошт гуфт, ки ин масҷидро сохта то арзиши Масҷидулақсо зинда бимонад.
Ин масҷид дар 270 метри мураббаъ замин бо 120 ҳазор доллар ҳазина бино шуда ва зарфияти ҳузури 350 намозгузорро дорад.
Вай гуфт қасди мо сохти се масҷид аз ҷумла Масҷидулҳаром, Масҷидуннабӣ ва Ал-Ақсо буд, ки барои мусулмонон арзиши вижаое дорад. Мутаассифона масҷидулақсо бузургтарин захми мусулмонон аст ва барои инки марҳаме бар ин захм бизанем, ин масҷидро дар Кобул сохтем.