Ба гузориши Алҷазира, ҷамъе аз фаъолони яҳудии Амрико бо шиори «на ба номи мо» бо садои бисёре аз яҳудиён дар саросари ҷаҳон дар маҳкумияти қатли оми Фаластиниён дар Ғазза ҳамроҳ шуданд ва ба ифшои равишҳои ҷунбиши саҳюнистӣ барои шустушӯи мағзи онҳо ва илқои афкори нодуруст дар мавриди таърихчаи даргирӣ дар Фаластини ишғолӣ пардохтаанд.
Ин афрод дар ҳоли ҳозир барои аланӣ кардани мавозеъихуд ба шабакаи иҷтимоӣ Тик Ток рӯй оварда ва бо таъкид бар ин мавзӯъ, ки расонаҳои амрикоӣ ва ғарбӣ аз баёни дидгоҳи онҳо имтиноъ меварзанд ва исрор бар барҷаста кардани як дидгоҳи хос дар ин замина доранд.
Яке аз ин фаъолони яҳудӣ навишт: саҳюнисм, наслкушӣ аст; Аз ончи дар ҷараён аст барои танаффур нисбат ба ҷавомеъи яҳудӣ истифода накунед. Саҳюнизм рабте ба яҳудият надорад.
Як фаъоли дигар бо номи корбарии "Cleas World" дар Тик Ток ҳамбстагии худро бо Фаластиниҳо эълом кард. Ӯ идома дод, ки яҳудиён дар Иёлоти Муттаҳида бо ин бовар тарбият шудаанд, ки яҳудият, саҳюнисм аст; Ҳувияти яҳудӣ ба маънои кишвари Исроил аст ва Фаластиниҳо террорист ҳастанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ кас ба онҳо дар бораи некбат ё ишғолгарии Исроил чизе нагуфтааст.