IQNA

Дар чиҳилу чаҳорумин рӯзи ҷанги Ғазза

Афзоиши омори шуҳадо ба беш аз 13 ҳазор тан ва сангандозии Нетаняҳу дар мубодилаи усаро 

18:52 - November 19, 2023
рақами хабар: 725
Фаластин (ИКНА) бар асоси эъломи дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза теъдоди Фаластиниёне, ки дар ҷараёни таҷовузи режими саҳюнистӣ ба ин минтақа ба шаҳодат расидаанд ба беш аз 12 ҳазор ва 300 нафар афзоиш ёфтааст. Дар ин миён Ҳамос хабар дод, ки нахуствазири режими палиди саҳюнистӣ  дар мавзӯъи мубодилаи асирон сангандозӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Фаластинии Само, дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза эълом кард, ки бар асари таҷовузи режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, 12 ҳазор ва 300 нафар ба шаҳодат расидаанд, ки дар байни онҳо панҷ ҳазор кӯдак ва 3300 зан вуҷуд дорад.

Дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза таъкид кард теъдоди захмиҳои таҷовузи ахири режими ғосиб ва ишғолгар саҳюнистӣ, ба 30 ҳазор нафар расидааст, ки бештари онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ин марказ тасреҳ кард, ки бар асари ҷинояти ахири ишғолгарон дар мактаби Ал-Фахураи Ҷабалиё воқеъ дар шимоли Навори Ғазза, беш аз 200 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Ҳамчунин Алҷазира навишт: Тоҳир ан-Нуну, мушовири раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфт: нахуствазири режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар мавзӯъи мубодилаи асирон монеътарошӣ мекунад. Бенёмин Нетаняҳу вақткушӣ мекунад ва намехоҳад ин мубодила анҷом шавад.

Вай бо баёни инки нахуствазири режими кӯадакуши саҳюнистӣ, саҳюнистҳоро фиреб медиҳад гуфт: Нетаняҳу наметавонад ҳатто як низомии асири исроилиро аз тариқи амалиёти заминӣ озод кунад.

Таътилии тамоми бемористонҳои Ғазза

Муҳаммад Зақут, мудири кулли бемористонҳои Ғазза эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ бемористоне дар ин минтақа дар ҳоли фаъолият нест.

Вай идома дод: ишғолгарон аз 3 рӯзи пеш токунун машғули ҷустуҷӯ дар бемористони Шифо ҳастанд. Ишғолгарон муддаӣ ҳастанд, ки дар бемористони Шифо аслиҳа вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ инсони оқиле ин мавзӯъро намепазирад. Бемористони Шифо як сохтумони ғайринизомӣ аст ва Салиби Сурх бахши ёрии таъҷилӣ онро сохтааст.

https://iqna.ir/fa/news/4182695

captcha