Ба гузориши вазорати авқоф ва умури исломии Қатар, натоиҷи шастумин давраи мусобиқоти Қуръони Карими донишомӯзони Қатарро эълом кард.
Дар ин мусобиқот, ки ба ҳиммати ин вазорат ва ҳамкории вазорати омӯзиш ва парвараши ин кишвар баргузор шуд, садҳо донишомӯзи духтар ва писар дар тамоми мақотеи таҳсилӣ аз пешдабистонӣ то мактаби миёна дар муддати ду ҳафта ба рақобат пардохтанд.
Ин мусобиқот, ки панҷшанбе гузашта ба поёнрасид, шоҳиди ҳузури 23677 донишомӯзи духтар ва писар аз 555 мадрасаи давлатӣ ва хусусӣ дар мақотеи мухталиф буд.
Кумитаи баргузорӣ дар ҳошияи мусобиқоти Қуръони Қатар ба баргузории фаолиятҳо ва барномаҳое аз ҷумла муаррифии матолиби қуръонӣ аз тариқи наққошии деворӣ дар саҳни масҷиди ҷомеи Доҳа ва ҳамчунин баргузории мусобиқоти фарҳангӣ, варзишӣ дар дигар марокизи баргузории ин мусобиқот иқдом карда буд. Аз сӯе ҳадоёе дар миёни тамоми ширкаткунандагон дар ин мусобиқот тавзеъ шуд. Ба гуфтаи кумитаи баргузоркунандаи ин фаъолиятҳо ба манзури ташвеқи ҳозирон ба ҳифзи Қуръони Карим анҷом гирифтааст.
Вазорати авқофи Қатар дар солҳои ахир анҷоми фаъолиятҳои Қуръонии мутааддидеро дар дастури кор қарор додааст. Баргузории мусобиқоти байналмилалӣ ба вижа мусобиқаи «Бартарини бартаринҳо» ва ҳамчунин баргузории мусобиқоти ҳифз ва тиловати Қуръон дар канори баргузории давраҳои мухталифи омӯзишӣ бахши муҳимме аз ин фаъолиятҳоро ташкил медиҳад.
https://iqna.ir/00HYbw