Ба гузориши манобеи хабарӣ, Биажио Алӣ Волеш, набераи Муҳаммадалӣ Келлӣ боксори машҳур, ки дар заминаи ҳунарҳои размии таркибии (ММА) фаолият мекунад, аз алоқаи худ ба дини Ислом ва оинҳои он ва ҳамчунин тиловати Қуръони Карим пеш аз мусобиқот мегӯяд.
Вай дар мусоҳибае бо шабакаи «BN Sports» Қатар гуфт: ман як варзишкори маъмулӣ ҳастам бо шунидани чизҳои зиёде дар мавриди падарбузургам Муҳаммадалӣ Келлӣ, боксори машҳур, бузург шудам ва дар ниҳоят ба хубӣ аз таъсири зиёде, ки падарбузургам дар ин дунё бар ҷой гузошт ва ончи дар тӯли зиндагии худ ба дастовард, огоҳ шудам.
Вай идома дод: ман ва бародарам ҳамеша ин робитаро пинҳон мекардем, зеро намехостем дар сояи номи ӯ боқӣ бимонем. Бинобар ин то замоне, ки бузург шудам, ин амр ҳамеша як роз буд. Ман ҳаргиз дар мусобиқот бо номи хонаводагии падарбузургам ширкат накардам.
Бо ин ҳол пас аз таҳаввулоте акнун ба мероси хонаводагӣ ва дини худ алоқаманд шудаам. Ҳаргоҳ таниши бисёре дорам, Қуръон мехонам то ором шавам.
Биажио Алӣ Волеш идома дод: мехоҳам таваҷҷуҳ ба дини худро аз сарбгирам, чун мусулмон ва дар хонаводае мусулмон мутаваллид шудаам, намоз ва ҳар ончи динамон иқтизо мекунад ба ҷой меоварам, аммо чизи зиёде аз Ислом намедонам, имсол барои аввалин бор дар зиндагии худ Қуръон хонданро шурӯъ кардам. Ин кор ба ман оромиш дод ва кумаки зиёде ба ман кард ва ба лутфи он тавонистам дар тамринот ва барномаи кории худ муваффақ бошам.