Ба гузориши манобеи хабарӣ, Сайид Аҳмад Қосим, устоди ҷуғрофияи донишгоҳи Ассиут соҳиби Қуръони кӯчаке аст, ки танҳо 3 сантиметр тӯл дорад ва қидмати он ба беш аз 280 сол қабл мерасад. Ба гуфтаи вай ин Қуръонро ҳудуди 50 сол пеш модарбузурги марҳумаш ба ӯ ҳадия додааст ва ӯ худ низ ин Қуръонро аз аҷдоди худ ба ирс бурда буд.
Қосим мегӯяд ӯ ба далели муваффақият дар таҳсили маҳбубтарин наваи модарбзрги худ буда ва аз ҳамин рӯ Қуръони маҳбуби аҷдодиро ҳадия гирифтааст. Ин устоди донишгоҳи Ассиут таъкид мекунад: ӯ ҳеҷгоҳ ҳатто фикри фурӯши ин Қуръони арзишмандро ба зеҳни худ роҳ надода ва қасд дорад то дар оянда онро ба яке аз фарзандони худ бибахшад то раванди нигаҳдорӣ дар байни наслҳои дигари ин хонавода ҳамчунон тадовум ёбад.
Қосим мегӯяд, қидмати ин Қуръон бино бар навиштаи рӯи ҷилди он беш аз 280 сол аст, ин Қуръони кӯчак дар давраи Усмонӣ дар Туркия чоп шуда, дохили ҷаъбаи кӯчаке қарор гирифта ва барои хондани он бояд аз заррабин истифода кард.
Ба гуфтаи ин устоди донишгоҳи Ассиут ӯ гоҳе аз рӯи ин мусҳафи таърихӣ, тиловат мекунад то мутмаин шавад, ки осебе ба он ворид нашудааст. Бархе аз мардум низ барои дидани он ба хонаи ӯ меоянд ва гоҳе онро тиловат мекунанд.