IQNA

Тиловати оёте аз сураи Ҳиҷр бо садои устод Абдулбосит + филм 

19:50 - December 25, 2023
рақами хабар: 862
ИКНА - Дар видеое, ки ба тозагӣ дар Миср бознашр шудааст, марҳум устод Абдулбосит Абдуссамад, қории барҷастаи ин кишвар оёти 49 то 75 сураи муборакаи Ҳиҷрро тиловат мекунад.

Ин тиловат дар соли 1978 дар телевизиони Миср забт шуда ва яке аз иҷроҳои диднии устод Абдулбосит ба шумор меравад.

Устод Абдулбосит Муҳаммад Абдуссамад, қории соҳибноми Миср ва ҷаҳони Ислом ва соҳиби ҳанҷараи тилоӣ тиловат, мутаваллиди соли 1927 дар рустои «Ал-Мароиза» аз шаҳрҳои Эрмант дар ҷануби ғарби устони «Ал-Ақсари» Миср буд; Шахсияте, ки ба далели савти зебояш мавриди таваҷҷуҳи масъулон ва мақомоти мисрӣ ва ғайри мисрӣ қарор гирифт ва бо пайвастнаш ба радио, тақозо барои хариди ин дастгоҳ афзоиш ёфт ва дар бештари хонаҳо савти Қуръони ӯ пахш мешуд.

Абдулбосит яке аз машҳуртарин қориён дар ҷаҳони Ислом аст ва ба далели савти зебо ва равиши мунҳасир ба фардаш дар тиловат, дар бештари кишварҳо ва манотиқи ҷаҳон аз мақбӯлият ва маҳбубити хос бархурдор ва мулаққаб ба ҳанҷараи тилоӣ ва садои Макка буд.

код

https://iqna.ir/fa/news/4189819

captcha