وَلَا تَتَمَنَّوْا مَا فَضَّلَ اللَّهُ بِهِ بَعْضَكُمْ عَلَى بَعْضٍ لِلرِّجَالِ نَصِيبٌ مِمَّا اكْتَسَبُوا وَلِلنِّسَاءِ نَصِيبٌ مِمَّا اكْتَسَبْنَ وَاسْأَلُوا اللَّهَ مِنْ فَضْلِهِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا
“Ва шумо муъминон ҳеҷгоҳ имтиёзотеро, ки Худованд ба баъзе аз шумо арзонӣ дошта ба чашми таманно ва орзӯ ва рашк ва ҳасад менигаред ва бидонед, ки мардонро аз ончи бо кӯшиши худ ба даст меоваранд насибе аст ва занонро низ аз ҳосили кӯшишҳояшон насиб хоҳад буд ва шумо ҳар фазилат ва имтиёзе хоҳед аз Худо талаб кунед, ки Худованд бар ҳар чиз (аз ниёзҳо ва имтиёзоти мавҷудот) огоҳ аст”. (Нисо, 32)
Ин оят таълими бузурге аст барои ҳамаи одамиён, ки шарҳи садр пайдо кунанд ва битавонанд баъзе хубиҳо ва имтиёзотро, ки ба дигарон ато шудааст бипазиранд ва доиман дар шиква ва нола набошанд.
Ҳамаи инсонҳо агар ҳеҷ надошта бошанд, Худоро доранд ва дӯстии Ӯ аз ҳамаи сарватҳо ва неъматҳои ҷаҳон пурбаҳотар аст. Худованд инсонҳоро барои коре офаридааст ва ҳар инсон дар пешгоҳи Парвардигор ҷой ва мақоми хоссе дорад.
Агар баъзе мардумро Худованд сифот ва имтиёзоте додааст, эй басо, ки онҳо ҳомили он неъматҳо ва имтиёзот барои мардуми дигар ҳастанд. Чӣ ҷои ҳасад аст, ки яке беҳтар мехонад ва завқи мусиқии бештар дорад. Ҳамаи мусиқидонони ҷаҳон имтиёзи худро харҷи дигарон кардаанд. Машоҳири таърих ба ҳамаи мо тааллуқ доранд ва инҳма китобҳои нозанин дар ҷаҳонро бузургон бо ҳазор хуни ҷигар навишта ва ба мо ҳадия кардаанд. Мероси ҷаҳонӣ мояи сарбаландии ҳамаи афрод аст.
Аммо ҷои дигаре ҳаст, ки онҷо набояд кӯтоҳ омад ва имтиёз ва тафовутро набояд пазируфт ва он баробарӣ дар баробари қонун ва бархурдории яксон аз озодӣ ва ҳаққи баён ва ҳаққи интихоби шуғл ва дин ва роҳ ва мактаб аст. Дар ингуна масоил ба ҳеҷ рӯй набояд касеро бар дигарӣ имтиёз дод.
Зан ва мард дар пеши Худованд бо ҳам баробаранд ва ҳеҷ имтиёзе нест, ки ба далели зан будан аз касе салб шавад. Аммо дар истеъдодҳо ва шароити ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ гоҳ мард ва гоҳ зан бартариҳое доранд, ки агар маъқул аст, бояд бадонҳо таваҷҷуҳ кард.
Агар бар дӯши мард вазифаи сангине чун таъмини ҳазинаи зиндагии зан ниҳода шуд ва дар муқобили ин имтиёз низ ба мард дода мешавад, ки тақсими ирс ба нисбати ду севум барои мард ва як севум барои зан бошад ва ин нобаробрии зоҳирӣ барои эҷоди баробарии воқеӣ дар бархурдорӣ аст, зеро зан молики он як севум мешавад ва ҳеҷ тааҳҳуде барои ҳазинакардани он ҷуз дар ҷиҳати масолеҳи шахсии худ надорад, дар ҳоле, ки мард вақте он ду севумро дарёфт мекунад бояд онро бо зани дигар тақсим кунад ва ҳазинаи занеро ба ӯҳда бигирад чӣ ҳамсари ӯ бошад ва чӣ хоҳар ва чӣ духтар ва чӣ модар, зеро ӯ нисбат ба ҳамаи онҳо мутааҳҳид аст.
Бинобар ин қисмате аз имтиёзоти иҷтимоӣ, ки ба мардон дода шуда аз ҷумла инки «اَلرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ» яъне қивоми занон ба мардон аст, бидон маъност, ки бор сақфи хонаи зиндагӣ бар рӯйи сутунҳои маҳкам ва устувори мардон аст то фурӯ нарезад ва дар зери ин сутунҳо ҳазор баракат аз шӯри зиндагӣ ва парвариши фарзандон ва шодӣ ва нишот бо ҳам зистан ва фароғати зан аз нигаронии мустамарри ҳазинаи зиндагӣ бошад ва идома ёбад.
Аммо имрӯз ба сабаби пешрафти шигифти фановарӣ ва эҷоди имконот барои зан ва мард, занони бешуморе вориди арсаи кор ва хидмати иҷтимоӣ шуда ва аз истиқлоли иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳатто отифӣ бархурдоранд ва ба ҳамин сабаб имрӯз беҳтар аз ҳар замоне метавонанд бидуни ҳеҷ ниёзе ишқи худро ба марде ибзор доранд ва ишқи ӯро бипазиранд.
Нукоти бисёри дигаре низ дар мавриди имтиёзоти зоҳирӣ ва нобробриҳои сатҳӣ ҳаст, ки ҳама дар ҷойи худ ҷойи тавҷеҳи ақлонӣ дорад ва агар надошта бошад он имтиёз аз байн хоҳад рафт.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.