
Ба гузориши “ИКНА” ба нақли ахбори “Ал-Явм”, вазорати авқофи Миср аз роҳандозии се ҳалқаи байналмилалии вижаи ҳифзи Қуръон аз роҳи дур хабар дод. 85 довталаб аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ин ҳалқаҳо, ки барои нахустинбор аз сӯи вазорати авқофи Миср баргузор мешавад, ширкат кардаанд.
Ин вазоратхона тасреҳ кардааст: ҳалқаҳои ҳифзи Қуръон аз роҳи дур дар сатҳи байналмилалӣ дар чорчуби нақши вазорати авқофи Миср дар омӯзиши Қуръони Карим ва талош барои таълими қироат ва тиловати саҳеҳи Қуръон ва ҳамчунин тадаббур ва дарки маонӣ ва мафоҳими Қуръон баргузор мешавад.
Ширкаткунандагон дар ин давра пас аз поёни муваффақиятомези он муҷаввизи ҳифзи якчҳорум то кулли Қуръон ва табаҳҳур дар тиловатро касб хоҳанд кард.
Дар нахустин давра аз баргузори ин ҳалқаҳо, 11 нафар аз Русия, 5 нафар аз Амрико, 5 нафар аз Фаронса, 4 нафар аз Олмон ва довталабони дигаре аз Нигерия, Конго, Соҳили Оҷ ва дигар кишварҳои ҷаҳон ширкат доранд.
Дар солҳои ахир талошҳои зиёде барои истифода аз фановариҳои омӯзишии маҷозӣ дар заминаи омӯзиш ва таълими Қуръони Карим сурат гирифтааст ва ба назар мерасад бо пешрафти рӯзафзуни ин фановариҳо, шеваҳои ҷадиди омӯзиши Қуръон низ таҳаввули амиқеро таҷриба кунад аз сӯи афроди бештаре ба ин омӯзишҳо дастрасӣ хоҳанд дошт.