Ба гузориши манобеи хабарӣ, видеои тиловати шайх Маҳмуд Шаҳот Анвар қории байналмилалии Миср аз сураи муборакаи Раъд, бо истиқболи густурдаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст.
Шаҳот Анвар дар ин тиловат аз ояти шарифаи сураи Раъд (اللَّهُ يَعْلَمُ مَا تَحْمِلُ كُلُّ أُنْثَىٰ وَمَا تَغِيضُ الْأَرْحَامُ وَمَا تَزْدَادُ ۖ وَكُلُّ شَيْءٍ عِنْدَهُ بِمِقْدَارٍ; "Худо медонад ончиро, ки ҳар моддае [дар раҳм] бор мегирад ва [низ] ончиро, ки раҳимҳо мекоҳанд ва ончиро меафзоянд ва ҳар чизе назди Ӯ андозаҳое дорад) аз мақомоти мухталифи Қуръон баҳра мебарад".
Пас аз интишори ин видео аз сӯи Маҳмуд Шаҳот Анвар дар сафҳаи расмии ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ Фейсбук ва Ютуб, ин тиловат бо истиқболи густурдаи корбарон мувоҷеҳ шуд ва дар арзи чанд соат, беш аз якмилион бор дида шуд. Маҳмуд дар 10 сентябри соли 1984 дар рустои Кафрул-Вазир аз тавобеъи шаҳри Майит Ғумар дар устони Дақҳалияи Миср дар хонаводаи қуръонӣ ба дунё омад ва дар давоздаҳсолагӣ дар назди падараш шайх Шаҳот Анвар Қуръонро ҳифз кард ва мақомоти Қуръониро аз вай омӯхт.
Вайро аввалин қории мисрӣ медонанд, ки дар радио Қуръони Карими Лондон ва Англис ба тиловати Қуръони Карим пардохтааст. Ин қории бузурги мисрӣ дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ тарафдорони бисёре дорад ва видеоҳои тиловати вай бо истиқболи миллионҳо нафар аз корбарон мувоҷеҳ шудааст.