IQNA

Баргузидагони конгресси байналмилалии андешаҳои қуръонии Оятуллоҳ Хоманаӣ таҷлил шуданд 

11:18 - January 06, 2024
рақами хабар: 910
ИКНА - Конгресси байналмилалии андешаҳои қуръонии Оятуллоҳ Хоманаӣ (иҷлосияи шарқи Ҷумҳурии Исломии Эрон) бо баргузории маросими ихтитомия ва таҷлил аз баргузидагон ба кори худ поён дод.

Ба гузориш хабарнигори эъзомии ИКНА ба Машҳади Муқаддас, конгресси байналмилали андешаҳои қуръонии Оятуллоҳ Хоманаӣ (иҷлосияи шарқи Ҷумҳурии Исломии Эрон) бо баргузории маросими ихтитомия ва таҷлил аз баргузидагон ба кори худ поён дод. 

Дар маросими ихтитомияи конгресси байналмилали андешаҳои қуръонии ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо унвони вижа мабони қуръонии андешаҳои сиёсӣ иҷтимоӣ раҳбари муаззами Инқилоб, Оятуллоҳ Сайид Ҷаъфари Сайидон аз уламои барҷастаи устони Хуросон, ҳуҷҷатулислом Муҳаммад Ҳоҷҷи Абулқосим узви маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, Алии Хайёт, раиси ҳавзаи илмияи Хуросон, Муҳаммадризо Қаландар, шаҳрдори Машҳад ва ҷамъе аз асотиди ҳавза ва донишгоҳ ҳузур доштанд. 

Дар ин маросим, ки имрӯз, 4 январ дар маҳалли толори Қудси китобхонаи марказии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор шуд, аз нависандагони мақолоти бартар ва марокизи ҳамкор дар баргузории ин конгресси байналмилали таҷлил ба амал омад. 

Бар асоси ин гузориш, дар коргуруҳи илмии бонувон; рутбаи нахуст интихоб нашуд ва Аъзам Мазинонӣ, рутбаи дувум ва Фотима Салоҳӣ ва Саида Талон рутбаи севумро касб карданд.

Дар коргуруҳи мабонии қуръонии андешаҳои сиёсӣ ва иқтисодии мақоми муаззами раҳбарӣ; Ҷаводи Муслиҳӣ рутбаи аввал ва Муртазо Рахидадухт рутбаи дувумро аз они худ кард.

Ҳамчунин дар коргуруҳи мабонии қуръонии андешаҳои иҷтимоӣ ва тамаддунии мақоми муаззами раҳбарӣ; Мустафо Аҳмадифар, рутбаи аввалро касб кард ва рутбаи дувум ва севум муаррифӣ нашуд.

Дар коргуруҳи фаъолиятҳои қуръонӣ дар андеша ва сираи мақоми муаззами раҳбарӣ; Ҳошим Иброҳим рутбаи аввал, Баротуллоҳ Ҳидоятӣ, рутбаи дувум ва Сайид Ақил Насимӣ, рутбаи севумро касб карданд.

Коргуруҳи чаҳорум низ андешаҳои қуръонии раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар осори туллоби ғайри эронӣ ном дошт, ки Сайидзакариё Мазидӣ, рутбаи аввал, Муҳаммадҳайдар аз Лубнон рутбаи дувум ва Абубакр Карамба рутба севумро ба даст оварданд.

https://iqna.ir/fa/news/4191925

captcha