Ба гузориши ИКНА, Гулд Девид, кашиши австралияӣ, ки 45 сол дар калисо хидмат мекард, эълом кард, ки ба Ислом гаравида ва номи худро ба Абдурраҳмон тағйир додааст.
Масири ӯ ба сӯи Ислом замоне оғоз шуд, ки барои ширкат дар маросими ҷанозаи бародари нотании худ ба Перт сафар кард. Ӯ вақте меҳмонхонае интихоб кард, мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар наздикии масҷиди аслии Перт қарор дорад.
Ӯ мегӯяд вақте аз канори масҷид рад мешуд, нидое дар дарун ба ӯ мегуфт, ки биравад ва аз масҷид дидан кунад.
Вай афзуд: солҳост, ки Қуръон дар қафасаи китобҳоям доштам ва онро нахонда будам аммо ин бор ба меҳмонхона баргаштм ва саҷда кардам ва аз Худо хостам ҳақиқати мутлақро ба ман нишон диҳад. Аз ӯ хостам ба ман бигӯяд, ки оё Ислом барҳақ аст ё на. Муддате зону задам ва дуо кардам.
Вай идома дод: ман саҷда кардам ва намози хондам ва баъд нишастам ва Қуръон хондам ва ба таври шуҳудӣ, ақлӣ, отифӣ ва маънавӣ мутаваҷҷеҳ шудам, ки Қуръон каломи ҳақиқии Худованд аст.
Ин кашиш пас аз бозгашт ба Австралия номае ба Усқуфи худ навишт ва эълом кард, ки Исломро пазируфта ва шаҳодатайн хондааст. Вай гуфт: ман дар он нома ба Усқуф навиштам, ки Худое ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (с) охирин фиристодаи Ӯст ва Қуръон охирин паёми Худо аст ва ман чорае ҷуз итоат аз он надорам. Сипас бо имом масҷиди Перт тамос гирифтам ва шаҳодатайнро телефонӣ хондам ва баъд дар рӯзи ҷумъа ба масҷиди ҷомеъи Ҳобарт рафтам ва муқобили ҷамоати мусулмонон шаҳодат додам.
Ин кашиши тозамусулмон идома дод: наметавонистам Қуръонро нодида бигирам. Наметавонистам ин ҳақиқатро нодида бигирам, ки Худо яке аст ва се нафар нест, Худо писаре надорад ва паёми ниҳоии Ӯ ин паём аст, ки ҳамаи масеҳиён бояд бишинаванд, ки ман бояд намоз бихонам ҳамонтавр, ки Исо намоз мехонд ва Паёмбарони бузург намоз мехонданд ва ман бо ин тасмим ба оромиш расидам.
Гулд ба унвони кашише, ки 45 сол дар калисо хидмат кард, мӯътақид аст, ки Ислом ба маънои раҳо кардани Исо(а) нест. Мусулмон шудани як масеҳӣ, оромиши бузурге дар пай дорад зеро медонед шумо Исоро раҳо намекунед, Марямро раҳо намекунед балки онҳоро дар робитаи саҳеҳи бо Худо қарор медиҳед.
Ислом сареътарин дин дар ҳоли рушд дар ҷаҳон аст ва бар асоси таҳқиқоти маркази таҳқиқоти Pew, теъдоди мусулмонон байни солҳои 2015 то 2060 беш аз ду баробари ҷамъияти кулли ҷаҳон рушд мекунад.
Бинобар эъломи манобеи мухталиф, дар феврали 2023, падари Хиларион Ҳаги, кашиши масеҳии барҷастаи мустақар дар Калифорния, Иёлоти Муттаҳида, ба Ислом гаравид, ки бозтоби зиёде дар расонаҳо дошт.