IQNA

Интишори тиловати шаҳид Руҳуллоҳи Муҳаммадсолиҳӣ + филм

20:56 - January 30, 2024
рақами хабар: 1014
ИКНА -Қории шаҳид Руҳуллоҳи Муҳаммадсолиҳӣ аз шогирдони Сайид Муҳсини Мусавибалда буд.

Ӯ илова бар тиловати Қуръони Карим 10 ҷузъ аз Қуръонро ҳифз карда буд ва назр кард то кулли Қуръонро ҳифз кунад, аммо дар амалиёти Муслим ибни Ақил ба шиддат маҷрӯъ шуд ва натавонист ба ин муҳим даст ёбад.

Ин шаҳиди воломақом илова бар тиловат ва ҳифзи Қуръони Карим ҳунарро низ ба хидмати мазомини динӣ дар оварда буд, ӯ устоди хушнависӣ ва наққошӣ буд ва маъмулан тасовири шуҳадоро наққошӣ мекард.

Шаҳид Муҳаммадсолиҳӣ саранҷом дар нимаи исфандмоҳи 1362 ва дар синни 20 солагӣ дар амалиёти Хайбар дар ҷазираи Маҷнун ба шаҳодат расид ва пайкараш 18 сол баъд, яъне ду сол пас аз фавти модараш, ки то лаҳзаи охири умр чашминтизори ӯ буд, пайдо шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба инки аз дуввуми баҳманмоҳ, дуввумин кунгираи миллии шуҳадои пойтахт оғоз ба кор карда ва то 12 баҳман идома дорад, лизо ба ҳамин муносибат ҳар рӯз тиловати яке аз шуҳадои қории Қуръони шаҳри Теҳрон, ки ба ҳиммати созмони Қуръон ва Итрати басиҷи сипоҳи Муҳаммад Расулуллоҳ (с)-и Теҳрони бузург гирдоварӣ шуда ва дар ихтиёри ИКНА қарор гирифта, мунташир мешавад.

Дар идома тиловати ин шаҳиди воломақом аз оёти 48 ва 49 сураи муборакаи Анфол боргузори шудааст.

код

https://iqna.ir/fa/news/4196650

captcha