Тиловати Қуръон абзор аст, васила аст; Барои чӣ? Барои ҷогир шудани маорифи қуръонӣ дар дил; Дар дараҷаи аввал ин аст, ки рушд медиҳад ҷомеаи исломиро. Дар як маҷлисе, ки шумо Қуръон мехонед, чиқадр хуб аст баъд аз онки масалан даҳ дақиқа ё як рубъ тиловат кардед, битавонед ба қадри панҷ дақиқа, даҳ дақиқа, мазомини ҳамон [оёт]-ро ба ҳамон мустамеи тиловататон мунъакис кунед ва бигӯед ин оёте, ки хондам, инҳоро дошт мегуфт. Ин хеле хуб аст; Ин сатҳи мустамиъро, сатҳи маҷлисро, хеле боло мебарад. {Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ; 1403/02/09}