ИКНА - Масҷид Шаҷара ё масҷиди Зул-Ҳулайфа аз масоҷиди таърихии Мадина аст, ки дар мантиқаи «Зул-Ҳалифа» ё «Обор Алӣ» дар ҳашт километрии ҷануби ғарбии Масҷидуннабӣ дар масири Макка қарор дорад. Зул-Ҳулайфа, миқот касоне аст, ки барои умраи тамматтуъ ва умраи муфрада аз Мадина ба Макка мераванд. Ин маҳал бо номи Масҷидулҳаром низ шинохта мишавад. Паёмбари Акрам (с) низ дар сафарҳои умра ва ҳаҷҷи тамматтуъ дар ин миқот, маҳрам шуданд.