ИКНА - Дар ҷанги Толибон бо мардуми Афғонистон, танҳо шаҳре, ки пазирои муҳоҷирони афғон ба Покистон шуд, шаҳри шиъанишини Парачинар дар марзи ин ду кишвар буд, ки дар миёни шаҳрҳои суннинишин қарор дорад. Аммо шиъаёни ин шаҳр пас аз чанде дар нобоваронатарин ҳолат, шоҳиди ҳамалот ва террор шуданд, он ҳам тавассути паноҳандгоне, ки дигар рӯи такфирии худро намоён карда буданд. Акнун дар канори ин хиёнат, такфириҳои Покистон ва Афғонистон, ин шаҳрро муҳосира карда ва бо мушак ва таслиҳоти сангини низомӣ, дар ҳоли куштори шиъаёни мазлуми ин шаҳр ҳастанд.