ИКНА - Марқади Паёмбари Акрам (с) муттасил ба Масҷидуннабӣ ва ҷузви он масҷид аст. Паёмбари Ислом (с) фармуда буданд: Ҳар паёмбаре, ки аз дунё меравад дар ҳамон маконе, ки қабзи рӯҳ шуда мадфун мешавад. Бинобар ин, он ҳазрат дар яке аз утоқҳои манзилаш, дар шаҳри Мадина, ки дар ҳамон макон аз дунё рафтанд, ба хок супурда шуданд. Ҳамакнун марақади шарифи он ҳазрат часбида ба Масҷидуннабӣ ва ҷузви он масҷид аст.