
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
- Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле ки онҳо дар ғафлат рӯйгардонанд.
- Ҳеҷ панди наве аз ҷониби Парвардигорашон барои онон намеояд, магар ин ки онҳо бозикунон ба он гӯш доданд.
- Дилҳояшон ғофил аст; ва касоне, ки зулм карданд, розгӯиро пинҳон доштанд, ки оё ин [шахс] ҷуз башаре монанди шумост? Пас, оё дар ҳоле ки шумо мебинед, ба сеҳр рӯй меоваред?
- [Паёмбар] Гуфт: «Парвардигори ман ҳар суханеро ки дар осмон ва замин бошад, медонад; ва Ӯ шунавои доност».
- Балки гуфтанд: «[Ин Қуръон] Хобҳои парешон аст; балки онро бофтааст; балки ӯ шоир аст; пас бояд нишонае барои мо биёварад, ҳамон гуна ки пешиниён [бо нишонаҳое] фиристода шуданд».
- Пеш аз онҳо ҳеҷ ободие ки онро нобуд кардаем, имон наоварда буд; пас, оё инҳо имон меоваранд?
- Ва пеш аз ту ба ҷуз мардоне ки ба сӯи онҳо ваҳй мекардем, [касеро] нафиристодем; пас, агар намедонед аз огоҳон бипурсед.
- Ва онҳоро ҷасадҳое ки таом нахӯранд, қарор надодем; ва ҷовидон [ҳам] набуданд.
- Сипас ваъда[-и Худ]-ро бар онҳо бароварда кардем; он гоҳ онҳо ва ҳар киро ки хостем, наҷот бахшидем; ва исрофкоронро ҳалок намудем.
- Ба таҳқиқ ба сӯи шумо Китобе нозил кардем, ки панд [ва ёд]-и шумо дар он аст; пас, оё намеандешед?
- Ва чӣ бисёр ободиеро, ки [мардумаш] ситамгар буданд, ҳалок кардем ва баъд аз он қавми дигаре падид овардем.
- Пас, замоне, ки азоби Моро эҳсос карданд, ногаҳон онҳо аз он мегурехтанд;
- [Гуфтем:] Нагурезед ва ба ҷое, ки дар он хушгузаронӣ мекардед ва ба хонаҳоятон бозгардед, то шояд шумо мавриди пурсиш қарор гиред.
- Гуфтанд: «Эй вой бар мо! Ҳамоно мо ситамгар будем».
- Ва ҳамвора гуфторашон ин буд, то ин ки онҳоро даравшудаи хомӯш [ва ҳалок] гардонидем.
- Ва осмон ва замин ва он чиро, ки дар миёни он дӯст, ба бозича наёфаридем.
- Агар мехостем саргармие бигирем, ҳатман онро аз назди Худ мегирифтем; агар Мо [ин корро] мекардем.
- Балки ҳақро бар ботил меафканем ва онро дарҳам мешиканад ва ногаҳон он [ботил] нобуд шавад; ва вой бар шумо аз он чӣ васф мекунед!
- Ва ҳар кас, ки дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст; ва касоне, ки дар пешгоҳи Ӯ ҳастанд, аз парастиши Ӯ такаббур намеварзанд ва монда намешаванд.
- Шабу рӯз тасбеҳ мегӯянд, дар ҳоле ки сустӣ намекунанд.
- Оё маъбудҳое аз замин гирифтанд, ки онҳо [мурдагонро] зинда мекунанд?
- Агар дар он ду (=осмон ва замин) маъбудҳое ҷуз Худо буданд, ҳатман табоҳ мешуданд; пас, Худо Парвардигори Арш, аз он чи васф мекунанд, муназзаҳ аст.
- Аз он чи анҷом медиҳад, пурсиш намешавад; дар ҳоле ки онҳо мавриди пурсиш қарор мегиранд.
- Оё маъбудҳое ҷуз Ӯ баргузидаанд? Бигӯ: «Далели худро биёваред; ин панди касонест, ки бо ман ҳастанд ва панди касоне, ки пеш аз ман буданд». Балки бештарашон ҳақро намешиносанд, пас, онҳо рӯйгардонанд.
- Ва пеш аз ту ҳеҷ Паёмбаре нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй мекардем, ки дар ҳақиқат, ҳеҷ маъбуде ҷуз Ман нест, пас, Маро бипарастед.
- Ва гуфтанд: «[Худои] Раҳмон фарзанде гирифтааст». Ӯ муназзаҳ аст; балки [он фариштагон] бандагоне арҷманданд;
- Дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд; ва онҳо ба фармони Ӯ амал мекунанд;
- Он чи дар пеши рӯяшон ва он чи пушти сарашон аст, медонад; ва [фариштагон] ҷуз барои касе, ки [Худо] розӣ бошад, шафоат намекунанд; ва онҳо аз бими Ӯ дар ҳаросанд.
- Ва ҳар кас аз онҳо бигӯяд: «Ҳамоно ман маъбуде ғайри Ӯ ҳастам», пас, ӯро дар ҷаҳаннам ҷазо медиҳем; ин гуна ситамгаронро сазо медиҳем.
- Оё касоне, ки куфр варзиданд, нанигаристаанд, ки осмонҳо ва замин баста буданд, он гоҳ онҳоро кушодем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас, оё имон намеоваранд?
- Ва дар замин кӯҳҳои устувор қарор додем, ки [мабодо] онҳоро биларзонад; ва дар он дарраҳо [ва] роҳҳое қарор додем, то шояд онҳо ҳидоят шаванд.
- Ва осмонро сақфе нигаҳдошташуда қарор додем; ва онҳо аз нишонаҳои он рӯйгардонанд.
- Ва Ӯ Зотест, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро офарид; ҳар як дар мадоре шиноваранд.
- Ва пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонагӣ муқаррар накардем; ва оё агар бимирӣ, пас, онҳо ҷовидон мемонанд?
- Ҳар нафсе чашандаи марг аст; ва шуморо бо бадӣ ва хубӣ барои имтиҳон меозмоем; ва ба сӯи Мо бозгардонида мешавед.
- Ва касоне, ки куфр варзиданд, ҳангоме ки туро бибинанд, ҷуз масхараат намекунанд; [мегӯянд:] оё ин ҳамон аст, ки маъбудҳои шуморо [ба бадӣ] ёд мекунад? Дар ҳоле ки онҳо худ, ёди [Худои] Раҳмонро мункиранд.
- Инсон аз шитоб офарида шуд; ба зудӣ нишонаҳои Худро ба шумо нишон медиҳам; пас, [дар азоб] аз Ман шитоб нахоҳед.
- Ва мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда (=қиёмат) кай хоҳад буд?»
- Агар касоне, ки куфр варзиданд, замонеро медонистанд, ки наметавонанд оташро аз чеҳраҳояшон ва на аз пуштҳояшон боздоранд ва на онҳо ёрӣ шаванд [шитоб намекарданд];
- Балки [қиёмат] ногаҳон ба онҳо биёяд, пас, онҳоро ҳайрон гардонад; ва наметавонанд онро баргардонанд; ва на онҳо мӯҳлат дода шаванд.
- Ва ба таҳқиқ паёмбароне пеш аз ту масхара карда шуданд; пас, сазои он чи масхара мекарданд, ба масхаракунандагони аз онҳо, фуруд омад.
https://iqna.ir/en/news/3484285