Осорхонаи миллии ҳунарҳои Исфаҳон ҳамзамон бо чиҳилу сеюмин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба ҳиммати Муассисаи фарҳангии осорхонаҳои Бунёди мустазъафон, дар як бинои таърихӣ марбут ба поёни давраи Қоҷор ифтитоҳ шуд. Ин марказ беш аз 300 осори таърихиро барои дидори дӯстдорони ҳунар ба намоиш гузоштааст.