Ба гузориши Иқно, Арбаини Ҳусайнӣ чиҳилумин рӯзи шаҳодати Ҳазрати Сайидуш-шуҳадо (а), фарзанди Амири Мӯъминон Алӣ (а) ва Ҳазрати Фотима (с) ва набераи Паёмбари акрам (с) дар замини пурдард ва фоҷиа, яъне Карбало, мебошад.
Дар рӯзҳои наздик ба Арбаин, миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон, махсусан пайравони мазҳаби шиа, ба Ироқ мераванд, то муқаддастарин зиёрати худ зиёрати гӯри Имом Ҳусайн (а)-ро анҷом диҳанд.
Ин маросим, ба таври расмӣ, бузургтарин раҳпаймоии динӣ дар ҷаҳон дониста мешавад ва шумори иштирокчиёни он дар солҳои охир аз 45 миллион нафар ҳам гузаштааст.
Дар поён, тасвирҳое оварда шудаанд, ки фаъолияти мукебҳои ироқӣ дар пазироии меҳмонони Арбаинро ба намоиш мегузоранд:
4297161