Тавре ки хабаргузории ИҚНО иттилоъ медиҳад, корвони Қуръонии Арбаин бо номи "Имом Ризо (а)" дар рӯзҳои роҳпаймоии Арбаин фаъолият дошт. Дар ҳайати он беш аз 80 қори ва ҳофизи Қуръон иштирок доштанд, ки аз 13 миллат намояндагон буданд.
Яке аз қориҳое, ки дар ин корвон ҳузур дошт, Қосим Муқаддамӣ буд. Ӯ дар мавкеъҳои гуногун Қуръон тиловат намуд.
Илова бар ӯ, Муҳаммадҳусайн Фароҳонӣ қори ва муаззини мақбараи ҳазрати Маъсума (с) ва масҷиди муқаддаси Ҷамкоран низ дар ин мавкеъҳо Қуръон тиловат кардааст.
Ёдовар мешавем, ки корвони Қуръонии Арбаин аз 17 то 24-уми моҳи август дар роҳравии Арбаин аз Наҷаф то Карбалои Муъалло ҳузур дошт.
Филми зер нӯҳумин ва охирин бахши гузориши "Бо Қуръон дар роҳи биҳишт" мебошад, ки якҷо тамошо мекунем:
4301263