
فَأَمَّا الْإِنْسَانُ إِذَا مَا ابْتَلَاهُ رَبُّهُ فَأَكْرَمَهُ وَنَعَّمَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَكْرَمَنِ ﴿۱۵﴾
Аммо инсон, вақте Парвардигораш ӯро барои санҷиш иззат медиҳад ва ба ӯ неъмат ато мекунад, худписанд мешавад ва мегӯяд:
«Парвардигорам маро гиромӣ дошт.»
وَأَمَّا إِذَا مَا ابْتَلَاهُ فَقَدَرَ عَلَيْهِ رِزْقَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَهَانَنِ ﴿۱۶﴾
Ва аммо вақте ки Парвардигор рӯзии ӯро бар ӯ танг мегардонад, ноумед мешавад ва мегӯяд:
«Парвардигорам маро хор кард.»
Ҳол он ки чунин нест, ки шумо гумон мекунед.
Оятҳои 15 ва 16 — Сураи Фаҷр
4317038