Аллоҳ Худоест, ки ҷуз Ӯ ҳеҷ Худое нест, зинда ва пойдор ва огоҳ аст, ки хоб на сабук ва на гарон Ӯро фаро намегирад ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз он Ӯст. Пас, кӣ метавонад бидуни иҷозати Ӯ шафоат кунад? Тахти фармонравоии Ӯ чунон васеъ аст, ки тамоми осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст, дар ҳоле ки ҳифзи онҳо бар Ӯ мушкил нест ва Худо баландмартаба ва бузург аст.
Ояи 255 - Сураи Бакара