Мусаллои Имом Хумайнии Теҳрон ба маҳалли гирдиҳамоии дилҳое табдил ёфт, ки барои охирин видоъ бо «Оқои шаҳиди Эрон» ҷамъ омада буданд. Пиру ҷавон, зану мард аз гӯшаву канори кишвар омада буданд, то бо чашмони ашколуд ва дилҳои саршор аз ҳасрату пазмонӣ бо падаре, ки солҳои дароз такягоҳи ин миллат буд, хайрухуш кунанд.