Дуюмин ҷашнвораи «Филми 114-сониягии Мубин» бо ҳадафи густариши фарҳанги қуръонӣ ва омӯзишҳои Аҳли Байт (а) баргузор мегардад. Дар ин ҷашнвора аз филмсозон даъват шудааст, ки дар се бахш: «зеҳни сунъӣ», «таҷҳизоти ҳирфаии синамо» ва «телефони ҳамроҳ» иштирок намоянд.
Ба гузориши хабаргузории қуръонии «икно», дуюмин давраи ҷашнвораи филми 114-сониягии Мубин бо ҳадафи густариши омӯзишҳои қуръонӣ, шиносонидани мардум бо рафтору зиндагии Аҳли Байт (а), тарзи зиндагии эронӣ-исломӣ ва мафҳумҳои волои ахлоқӣ дар қолаби ҳунари ҳафтум (синамо), аз ҷониби Созмони қуръонии донишҷӯёни кишвар баргузор мешавад.
Ин ҷашнвора дар се бахши асосӣ баргузор мегардад:
- Филмсозӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ
- Филмсозии ҳирфаӣ бо истифода аз абзорҳо ва таҷҳизоти синамо
- Филмсозӣ бо телефони ҳамроҳ
Осори пешниҳодшуда бояд дар қолаби филмҳои кӯтоҳи 114-сониягӣ таҳия шуда бошанд.
Филмҳои иштироккунандагон бояд аз 1-уми фарвардини соли 1405 ҳиҷрии шамсӣ ба баъд таҳия шуда бошанд. Имкони фиристодани филмҳо тавассути сомонаи интернетии ҷашнвора фароҳам оварда мешавад.
Ҳамчунин, барои хонандагони мактабҳо, донишҷӯён ва омӯзгорон имтиёзҳои вижае пешбинӣ шудааст, то заминаи ҳузур ва иштироки бештари онҳо дар соҳаи филмсозӣ фароҳам гардад.
Эълони даъват ба ҷашнвораи филми 114-сониягии Мубин рӯзи 13-уми обон, ҳамзамон бо Рӯзи донишомӯз, оғоз гардид. Алоқамандон то 16-уми озар фурсат доранд, ки филмҳои худро ба сомонаи mobinmedia.com фиристанд.
Маросими муаррифии ғолибон ва анҷоми ҷашнвора рӯзи 30-юми дай баргузор хоҳад шуд.
Густариши ҳунари масъулиятшинос ва истифода аз имкониятҳои синамо барои расонидани мафҳумҳои динӣ ва ахлоқӣ аз ҳадафҳои асосии баргузории ин ҷашнвора ба шумор меравад.
Баргузоркунандагон талош доранд, ки бо истифода аз абзорҳои навини филмсозӣ ва фароҳам овардани заминаи иштироки насли ҷавон дар ин соҳа, омӯзишҳои исломӣ, рафтору зиндагии Аҳли Байт (а) ва тарзи зиндагии эронӣ-исломиро тавассути забони ҳунар ба мардум муаррифӣ намоянд.
4386767