Масҷид ва маркази исломии Пентсберг дар Олмон бинои барҷастаест, ки бо меъмории навин ва илҳомгирифта аз мафҳумҳои исломӣ сохта шудааст. Ин бино бо манораи 18-метрии пӯлодин, навиштаҷоти қуръонӣ ва фаъолияти фарҳангиву омӯзишӣ ба рамзи ҳамзистии динҳо ва пайванди ҷомеаи мусулмонон бо ҷомеаи Олмон табдил ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории қуръонии «икно», масҷид ва маркази исломии Пентсберг дар Олмон соли 2005 бо тарҳи ҷолибе сохта шуд, ки бо меъмории биноҳои атроф низ ҳамоҳангӣ дошт. Ба наздикӣ, пас аз баррасии меъморони барҷастаи Олмон, ин бино ҳамчун беҳтарин иншооти меъмории шаҳри Баварияи Олмон интихоб гардид. Тарҳи ин биноро Алэн Ясерович, меъмори босниягӣ-олмонӣ, омода кардааст. Ӯ соли 2008 ҷоизаи меъмории «Весобегон»-ро ба даст овардааст.
Масҷиди Пентсберг, дар баробари толори асосии намозгузорӣ, дорои утоқҳои баргузории ҷамъомадҳо, дафтарҳои корӣ, китобхонаи бузург, ду толори маҷлис ва синфхонаҳо барои хонандагон мебошад. Ин маҷмаа дар замине сохта шудааст, ки шакли ҳарфи L-ро дорад.
Бинои регранг, ки бо шишаи кабуд оро дода шудааст, дорои манораи 18-метрии пӯлодин мебошад. Дар рӯйи он вожаи «Ибодӣ» ва даъват ба намозгузорӣ бо шуоъҳои лазерӣ нақш баста шудаанд, ки шабона медурахшанд.
Ду лавҳаи бузурги бетонӣ дар даромадгоҳи масҷид, монанди китоби бозшуда, оятҳои Қуръонро ба ду забон арабӣ ва олмонӣ ба намоиш гузоштаанд.
Даромадгоҳи масҷид зинапоя дорад, ки бо сабки классикӣ сохта шудааст. Ин даромадгоҳ равшанӣ ва нури зиёд дорад ва дар тарафи рости он толори намозгузорӣ ҷойгир шудааст. Девори самти қибла аз шишаи кабуд сохта шудааст, то нури табиӣ ва мафҳуми шаффофиятро ба дохили бино бозтоб диҳад.
Дар сақфи масҷид низ ситораҳое бо 99 номи Худованд бо хаттотии дурахшон оро дода шудаанд. Дар маркази толор зинапояе ба ошёнаи дуюм ва бахши занон мебарад, то ҷойи намозгузории занону мардон аз ҳам ҷудо бошад.
Ин масҷид дар баробари меъмории зебояш, барои фаъолияти омӯзишӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ низ мавриди қадрдонӣ қарор гирифтааст. Масҷиди шаҳри Пентсберг ҳамчунин барои пайравони динҳои дигар боздидҳои гурӯҳӣ аз дохили масҷид ташкил мекунад, то онҳо бо дини ислом ва мусулмонон бештар ошно шаванд.
Бар асоси омори пешниҳодшуда, дар давоми панҷ соли пас аз бунёди ин масҷид, 15 ҳазор нафар аз он боздид кардаанд. Ҷомеаи мусулмони ин шаҳр бар ин бовар аст, ки масҷиди Пентсберг на танҳо аз ҷиҳати меъморӣ, балки аз назари масҷид будан низ барои онҳо аҳамияти бузург дорад.
Меъмории ин масҷид тавонистааст ба ҷомеаи ғайримусулмон нишон диҳад, ки мусулмонон низ дар ин ҷомеа саҳми муҳим доранд.
Масҷид ва маркази исломии Пентсберг намунаи муваффақи меъмории шаффоф ва равиши фаъолу пӯё мебошад, ки собит месозад: маркази ибодат метавонад мояи ифтихор ва омили пайванди аъзои ҷомеа бошад.
4386512