IQNA

23:54 - November 04, 2026
рақами хабар: 5291

Ҷамъомади донишмандони Қатар дар дуюмин ҳамоиши қуръонии «Қитоф»

Ҳамоиши қуръонии «Қитоф» дар Қатар бо ҳамкории роҳбурдии Вазорати омӯзиш ва таҳсилоти олии ин кишвар, таҳти унвони «Омӯзиш: аз бунёд то тавонмандсозӣ», давоми се рӯз баргузор мешавад.

1

Ба гузориши хабаргузории қуръонии «икно» ба нақл аз сомонаи «Ашшарқ», Маҷмаи қуръонии «Қитоф» дар шаҳри Дуҳаи Қатар бо ҳамкории роҳбурдии Вазорати омӯзиш ва таҳсилоти олии ин кишвар ва бо шиори «Омӯзиш: аз шаклгирӣ то тавонмандсозӣ», дуюмин давраи ҳамоиши худро рӯзи шанбе, 7-уми ноябр (16-уми обон), оғоз мекунад.

Дуюмин давраи «Ҳамоиши қуръонии Қитоф» рӯзи шанбе, 7-уми ноябри соли 2026 оғоз мешавад. Ин ҳамоиш, ки аз ҷониби муассисаи омӯзишии «Қитоф» ва бо ҳамкории роҳбурдии Вазорати омӯзиш ва таҳсилоти олии Қатар баргузор мегардад, то 9-уми ноябр (18-уми обон) дар Маркази миллии ҳамоишҳои Қатар (QNCC) идома хоҳад ёфт.

Ин рӯйдод маҷмӯае аз нишастҳои илмӣ, коргоҳҳои омӯзишии тахассусӣ ва таҷрибаҳои омӯзишии ҳамкорона буда, бо ҳузури гурӯҳи барҷастае аз пажӯҳишгарон, мутахассисон ва коршиносони соҳаи омӯзишу парвариш баргузор мешавад.

Ин барномаи илмӣ бар панҷ рукни ба ҳам пайвастаи низоми омӯзишӣ асос ёфтааст:
- Омӯзгор
- Омӯзанда
- Оила
- Барномаи дарсӣ
- Муҳити омӯзиш
Ин барнома бо ҳузури шуморе аз андешмандон ва коршиносон, аз ҷумла Шайх Саид Алкамолӣ, Умар Сулаймон, Шайх Аҳмад Алнафис, Шайх Аҳмад Алъарабӣ ва Абдурраҳмон Алҳарамӣ, инчунин коршиносони соҳаи омӯзиш ва чеҳраҳои барҷаста аз дохилу хориҷи Қатар баргузор мешавад.

Барнома фарогири суханрониҳои гуногуни илмӣ ва нишастҳои гуфтугӯӣ дар бораи масъалаҳои омӯзишӣ ва чолишҳои рӯзмарраи ин соҳа мебошад. Баъзе аз ин барномаҳо ба забони англисӣ пешниҳод хоҳанд шуд.

Ин маҷмаа ҳамчунин барномаеро дар бар мегирад, ки аз давраҳои омӯзишӣ ва коргоҳҳои амалӣ иборат буда, барои омӯзгорон, мураббиён, падару модарон ва алоқамандони соҳаи омӯзиш пешниҳод мегардад. Ин барномаҳо ба ду забон арабӣ ва англисӣ баргузор мешаванд.

Бар асоси ин гузориш, «Шаҳри Таквин», намоишгоҳи омӯзишии ҳамкорона, ки ҳамзамон бо ин маҷмаа баргузор мешавад, беш аз 40 муассиса ва созмони омӯзишиву парвариширо гирди ҳам овардааст.

Ин ҳамоиш ҳамчунин озмуни «Таҳбир»-ро дар бар мегирад, ки дар ду бахш баргузор мешавад:

Бахши аввал: «Тиловат ва маҳорат»

Ин бахш барои наврасони аз 7 то 15-сола пешбинӣ шудааст ва ҳадафи он ташвиқи онҳо барои аз худ кардани маҳорати тиловати Қуръони карим мебошад.

Бахши дуюм: «Аз пояҳои бунёдӣ то татбиқи амалӣ»

Ин бахш хусусияти пажӯҳишӣ дошта, барои пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва аҳли донишгоҳ пешбинӣ шудааст. Дар ин бахш аз онҳо даъват мешавад, ки дар бораи мафҳумҳои тарбиявии дар Қуръони карим мавҷудбуда пажӯҳиш анҷом дода, роҳҳои татбиқи ин мафҳумҳоро дар зиндагии воқеӣ баррасӣ намоянд.

Ин ҳамоиш аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои омӯзишӣ ва созмонҳои гуногуни мардумӣ дастгирӣ ва пуштибонӣ мешавад.

Маҷмаи мазкур рӯзи душанбе, 18-уми обон, пас аз се рӯзи баргузории суханрониҳо, нишастҳои илмӣ, коргоҳҳои омӯзишӣ ва таҷрибаҳои ҳамкорона ба кори худ поён медиҳад.

4387071

captcha