IQNA

0:01 - November 05, 2026
рақами хабар: 5292

Абдулсайид: Дигар маблағгузории нажодпарастӣ, наслкушӣ ва ҷанг бас аст

Номзади пирӯз дар интихоботи Мичиган дар суханронии худ пас аз роҳ ёфтан ба Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт: «Мо намехоҳем, ки пуламон барои нажодпарастӣ, наслкушӣ ё ҷанг сарф шавад».

1

Ба гузориши хабаргузории қуръонии «икно» ба нақл аз «Ай 24», Абдурраҳмон Абдулсайид, номзади Ҳизби демократ, субҳи рӯзи чоршанбе дар интихоботи Сенати Амрико дар иёлати Мичиган пирӯз шуд ва ба нахустин мусулмоне табдил ёфт, ки ба узвияти Сенати Амрико интихоб шудааст. Ин интихобот яке аз рақобатҳои пуртаниш дар интихоботи миёнадавраӣ ба шумор мерафт.

Абдулсайиди 41-сола, ки ба ҷараёни пешрави Ҳизби демократ тааллуқ дорад, тавонист Майк Роҷерс, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, корманди собиқи Бюрои федеролии тафтишот (ФБР) ва намояндаи пешини Конгрессро шикаст диҳад.

Тибқи гузориши «Ай 24», Абдулсайид дар миёни ҳаводоронаш, ки дар шаҳри Детройт гирди ҳам омада буданд ва бо кафкӯбиҳояшон ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, гуфт: «Ҳар гоҳе дар бораи натиҷаи интихобот аз ман мепурсиданд, ҳамеша ибораи “Иншоаллоҳ”-ро истифода мекардам. Аммо имрӯз ва имшаб метавонем ин “Иншоаллоҳ”-ро ба “Алҳамдулиллоҳ” табдил диҳем».

Абдулсайид сипас бо киноя гуфт: «Барои он гурӯҳҳои ростгаро, ин ибора танҳо ба маънои ситоиши Худованд аст».

Бахше аз суханронии Абдулсайид ба интиқоди Кумитаи равобити умумии Амрико ва Исроил, маъруф ба «Айпак» (AIPAC), ихтисос дошт. Ин ниҳод дар интихоботи пешазинтихоботии Ҳизби демократ ва ҳамчунин дар интихоботи умумӣ аз рақибони ӯ пуштибонӣ карда буд.

Абдулсайид гуфт: «Мо намехоҳем, ки пуламон барои нажодпарастӣ, наслкушӣ ё ҷанг сарф шавад».

Ӯ таъкид кард, ки даромадҳои андозии Амрико бояд ба ҷойи ин корҳо барои маблағгузории мактабҳо, хадамоти беҳдоштӣ ва зерсохторҳои дохилии кишвар сарф шаванд.

Абдулсайид борҳо низоми саҳюнистиро ба далели анҷом додани наслкушӣ дар Ғазза мавриди интиқод қарор додааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ дар ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ борҳо дини Абдулсайидро мавриди интиқод қарор дода, ӯро «ҷиҳоди хатарнок» номида буд. Ҳамчунин, ба ҷойи номи аслии ӯ, аз номи «Муҳаммад Ассайид» барои ишора ба ӯ истифода мекард.

4387119

captcha