«Фотима Четин» ва «Туркон Элгин» ду хоҳари нобинои турк бо талошу кӯшиши шоёни таҳсин ба намунаи ибрат барои дигар омӯзандагони Қуръон дар синфи худ табдил ёфтаанд.
Ба гузориши икно ба нақл аз бахши арабии хабаргузории Анатолия, Фотима Четин ва Туркон Элгин ду хоҳари нобинои турк бо нӯги ангуштони худ ҳарфҳои барҷастаи Қуръони Каримро ламс карда, оятҳои онро бо эҳтирому шодмонӣ тиловат мекунанд. Туркон мегӯяд: «Ман бо дастонам мехонам, зеро онҳо чашмони ман ҳастанд».
Ин ду хоҳар аз замони таваллуд нобино буданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки хатти Брайлро тавассути дарсҳои овозӣ дар интернет омӯзанд, аммо натавонистанд омӯзиши онро бо ин роҳ ба анҷом расонанд.
Имрӯз Фотимаи 55-сола ҳафтумин бор хатми Қуръони Каримро ҷашн мегирад. Хоҳари бузургтараш, Туркони 57-сола бошад, то кунун ҳашт бор хондани тамоми Қуръонро ба анҷом расонидааст. Онҳо ҳамоно ҳафтае ду бор дар нишастҳои омӯзиши Қуръон иштирок мекунанд.
Роҳи омӯзиши онҳо соли 2021 оғоз шуд. Он замон огоҳ шуданд, ки Идораи фатвои вилояти Адана дар ҷануби Туркия давраи омӯзиши қироати Қуръонро барои нобиноён баргузор мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар дарсҳои Маркази омӯзиши ҳифзи Қуръони духтаронаи «Абдулбоқӣ ва Фотима Сиверқли» дар ноҳияи «Чукурова» иштирок карданд.
Дар ҷараёни ин давра онҳо алифбои арабии хатти Брайлро омӯхтанд. Ин хат ба шахсони нобино имкон медиҳад, ки ҳарфҳо ва вожаҳоро тавассути нуқтаҳои барҷастае, ки бо нӯги ангуштони худ эҳсос мекунанд, шиносоӣ кунанд.
Пас аз тақрибан як соли омӯзиш, онҳо тавонистанд Қуръонро бо ҳамин роҳ бихонанд. Ҳар боре ки хатми Қуръонро ба анҷом мерасонанд, бо шодмонии тоза ва шавқи бештар ба хондани он оғоз мекунанд.
Туркон дар суҳбат бо хабаргузории Анатолия гуфт, ки даргузашти падараш сабаб шуд, то ба омӯзиши Қуръон рӯ оварад. Дарсҳое, ки дар ин марказ фаро гирифтааст, ба ӯ барои расидан ба орзуяш кумак кардаанд.
Ӯ мегӯяд: «Ман намебинам, аммо Қуръон мехонам. Бо дастонам мехонам ва онҳо чашмони ман ҳастанд».
Вай ҳамчунин мегӯяд: «Вақте Худованд биноиро аз мо гирифт, дар иваз ҳисси ламс ва шунавоии моро қавитар гардонд. Аз ин рӯ, дастони мо кори чашмонамонро анҷом медиҳанд. Ба шарофати омӯзгорам ҳангоми омӯзиш душвориҳои зиёд эҳсос накардам».
Бо ҳар бор тиловат кардан шавқи ӯ барои идома додани ин роҳ аз нав меафзояд. Ӯ эҳсоси худро чунин баён мекунад: «Вақте Қуръон мехонам, дар вуҷудам шавқу ҳаяҷони рӯҳонии зиёде эҳсос мекунам. Бо иштиёқи зиёд мехонам ва худро хушбахт ҳис мекунам. Ҳар қадар бештар хонданро идома диҳам, шавқам барои идома додан ҳамон қадар бештар мешавад».
Ин ду хоҳар бо роҳнамоии омӯзгорашон бо шавқу рағбат ҳафтае ду бор дар ин давраи омӯзишӣ иштирок мекунанд. Кӯшиш, устуворӣ ва иродаи қавии онҳо боиси он шудааст, ки барои дигар омӯзандагони Қуръон намунаи ибрат гарданд.
4387330