Зуҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори Ню-Йорк, дар суҳбат бо шабакаи хабарии NBC-и Амрико бо таъкид бар зарурати поён додан ба ҷанг алайҳи Эрон, ин ҷангро ғайриқонунӣ ва аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ ғайриқобили дифоъ донист. Ӯ хостори он шуд, ки қатъи ин ҷанг дар садри барномаҳои Ҳизби демократ қарор гирад.
Ба гузориши икно, ба нақл аз шабакаи «Алъолам», Зуҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори Ню-Йорк, дар суҳбате, ки субҳи рӯзи панҷшанбе бо шабакаи хабарии NBC-и Амрико анҷом дод, бо таъкид бар зарурати поён додан ба ҷанг алайҳи Эрон, ин ҷангро ғайриқонунӣ ва аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ ғайриқобили дифоъ хонд. Ӯ ҳамчунин хостори он шуд, ки қатъи ин ҷанг дар садри барномаҳои Ҳизби демократ қарор дода шавад.
Ин сиёсатмадори амрикоӣ дар бахше аз ин суҳбат, дар посух ба пурсише дар бораи изҳороти ахири Ҷей Ди Вэнс ва нақши ҷанг алайҳи Эрон дар шикасти интихоботии ҷумҳурихоҳон, бар зарурати дар ҷойи аввал қарор гирифтани масъалаи поён додан ба ин ҷанг дар барномаҳои демократҳо таъкид кард.
Зуҳрон Мамдонӣ бо ғайриқонунӣ хондани ҷанг алайҳи Эрон гуфт: «Бо ин ҷанг на танҳо аз нигоҳи қонунӣ, балки аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ низ бояд мухолифат кард. Мардуми Амрико мавқеи худро дар ин замина ба таври равшан баён кардаанд».
Ӯ таъкид кард: «Агар мақомоти ҳукумати Амрико бар ин назаранд, ки ҷанг алайҳи Эрон дар шикасти сиёсии ҷумҳурихоҳон нақш доштааст, пас чаро барои поён додан ба он иқдоме намекунанд?»
Мамдонӣ дар ин мусоҳиба, дар посух ба пурсише дар бораи паёми интихоботи ахири миёнамуддати Амрико барои сиёсатмадорони ин кишвар гуфт: «Натиҷаҳои интихобот нишон доданд, ки мардуми Амрико аз сиёсатмадороне, ки талабҳои онҳоро ғайривоқеӣ медонанд, дар ҳоле ки бо сарватмандтарин афроди кишвар робита ва муомила доранд, хаста шудаанд».
4387359