Гузориши тоза аз афзоиши назарраси шумораи мусалмонон дар чандин кишвари Аврупо дар даҳсолаҳои охир хабар медиҳад.
Ба гузориши икно, ба нақл аз сомонаи «Organiser», дар ҳоле ки қораи Аврупо бо мушкилоти рӯзафзуни ҷамъиятӣ, ба вижа коҳиши мизони таваллуд ва афзоиши шумораи аҳолии солхӯрда рӯ ба рӯст, як гузориши тоза аз афзоиши назарраси шумораи мусалмонон дар чандин кишвари Аврупо дар даҳсолаҳои охир хабар медиҳад. Ин масъала нақши ҷамоатҳои мусалмонро дар тағйироти ҷамъиятӣ ва иҷтимоии Аврупо барҷаста месозад.
Бар асоси ин гузориш ва оморҳои аҳолинигорие, ки рӯзномаҳои «La Razón» ва «La Gaceta» нашр кардаанд, шумораи мусалмонон дар Аврупо, ба истиснои Русия ва Туркия, аз тақрибан 15 миллион нафар дар оғози ҳазорсолаи нав ба ҳудуди 32,5 миллион нафар дар замони ҳозир расидааст.
Ин гузориш бо такя ба маълумоти Маркази пажӯҳишии «Пю» нишон медиҳад, ки шумораи мусалмонон дар Аврупо, бо шумули Русия, дар соли 2020 ба тақрибан 46 миллион нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2010 16 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Чандин кишвари Аврупо афзоиши шумораи мусалмонони худро сабт кардаанд. Дар Испания шумораи онҳо аз 2,4 то 2,5 миллион нафар ва дар Италия тақрибан 2,7 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар Шветсия ҳиссаи мусалмонон аз 4 дарсад дар соли 2010 ба 8 дарсад дар соли 2020 расидааст. Дар Олмон низ мусалмонон тақрибан 7 дарсади аҳолиро ташкил медоданд.
Дар Британияи Кабир маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ нишон медиҳад, ки шумораи мусалмонон дар Англия ва Уэлс аз 2,7 миллион нафар дар соли 2011 ба 3,5 миллион нафар дар соли 2021 афзоиш ёфтааст. Ин рақам аз афзоиши пайвастаи ҷамоатҳои мусалмон дар чандин кишвари Аврупо дарак медиҳад.
Дар ин гузориш тавзеҳ дода шудааст, ки муҳоҷират, сохтори синнусолии аҳолӣ ва мизони таваллуд дар ин тағйирот нақш доранд. Ҳамчунин ба пешбиниҳои аҳолинигорӣ ишора шудааст, ки бар асоси онҳо, афзоиши шумораи мусалмонон дар даҳсолаҳои оянда, ҳатто дар сурати коҳиш ёфтани мизони муҳоҷират, идома хоҳад ёфт.
Дар гузориш ба баровардҳое низ ишора шудааст, ки нишон медиҳанд шумораи мусалмонон дар Аврупо метавонад то соли 2050, бар асоси сенарияе, ки идомаи муҳоҷират ва мизони баланди таваллудро дар назар мегирад, ба тақрибан 75 миллион нафар бирасад.
Дар айни замон, гузориш таъкид мекунад, ки ин рақамҳо пешбиниҳои вобаста ба шароити муайян мебошанд ва набояд онҳоро натиҷаҳои ҳатмӣ ва тағйирнопазир донист.
4387112