Саду севумин сураи Қуръони Карим “Аср” ном дорад. Ин сура бо се оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Аср”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул сездаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Номи сура аз ояти аввали он гирифта шудааст. Дар ин сура Худованд ба аср ба маънои замон ва давра қасам ёд мекунад.
Сураи Аср таъкид мекунад, ки инсонҳо дар зарар ва зиён ҳастанд, ба ҷуз касоне, ки аҳли имон ва корҳои хуб бошанд ва якдигарро ба ҳақ ва сабр сифориш кунанд.
Зиёнкор будани инсон дар дунё ва охират аз нукоти мавриди таъкид дар ин сура аст. Калимаи «хуср» (зиён) ва калимаҳои марбут ба он, беш аз 60 бор дар Қуръон ба кор рафтааст. Манзур аз зиёнкор будани инсон дар умури модӣ, кам будан ва зараркрдан, ва дар умури маънавӣ ва рӯҳӣ гумроҳӣ ва нобудӣ аст ва манзури Қуръон аз зиёнкор будани инсон бештар дар маънои зиёни рӯҳӣ ва маънавӣ аст.
Ба гуфтаи Алломаи Таботабоӣ, зиндагӣ дар дунё, сармояи инсон аст, ки бояд бо он барои зиндагӣ дар ҷаҳони охират талош кард; Агар эътиқодот ва корҳо ва рафторҳо бар асоси ҳақ бошад, тиҷораташ судовар аст ва ояндааш аз шар ва бадӣ дур мешавад, аммо агар аз ботил итоат кунанд ва аз имон ва корҳои хуб фосила бигиранд, тиҷораташон пур аз зарар ва натиҷааш маҳрум шудан аз неъматҳои ҷаҳони охират аст.
Дар ибтидои ин сура Худованд ба “Аср” қасам хӯрдааст. Дар тафсири ин савганд гуфтаанд, Аср ба маънӣ замон ва таърихи башар аст ва тибқи ончи дар ояҳои баъдӣ омада, метавон гуфт зиёнкор будани инсонҳо дар зиндагӣ, натиҷаи гузаштани замони умри онҳо аст.
Албатта касоне метавонанд аз зиндагӣ зиёнбор фосила бигиранд, ки як чаҳори аслро мавриди таваҷҷуҳ қарор бидиҳанд: الَّذِينَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَ تَواصَوْا بِالْحَقِّ وَ تَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ: “Касоне, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом доданд ва якдигарро ба ҳақ сифориш карда ва якдигарро ба сабр ва шакебоӣ тавсия намудаанд” (Аср/ 3 то 5).
Бар асоси ин оят, чаҳорроҳи наҷот аз сахтиҳои имон доштан ба Худованд, анҷоми корҳои хуб, сифориши дигарон ба риояти ҳақ ва ҳамчунин тавсияи дигарон ба доштани сабр. Инки дар ин оят таъкид шуда дигаронро ба риояти ҳақ ва доштани сабр тавсия кунем, муқаддимааш он аст, ки худамон ҳаққро бишносем ва дар баробари чолишҳо сабур бимонем то битавонем дигаронро низ ба риояти онҳо даъват кунем.