Ба гузориши ИКНА, шаҳид Ҳусайни Муҳаммадӣ 22 озармоҳи 1349 дар Теҳрон мутаваллид шуд. Ӯ аз шогирдони ҷаласаи Сайид Муҳсини Мусавибалда, пешкисвати қуръонӣ буд, ва дар тиловати худ ба сабки Маҳмуд Алӣ Ал-Банно тиловат мекард.
Мусавибалда дар гуфтугӯе дар бораи шогирди худ ӯро гули сурхи Доруттаҳфизи Қуръони Карим (нахустин муассисаи қуръонии Эрон воқеъ дар Теҳрон) ва фарди амин, ростгӯ, хушхулқ, меҳрубон ва ҳамеша хандон муаррифӣ кардааст.
Вай ҳамчунин гуфтааст: «Ҳусайн 9 сола буд, ки дар ҷаласаи Қуръон омад ва 16 сола буд, ки шаҳид шуд. Навҷавоне буд, ки ба суръати рушд ва таолии рӯҳӣ пайдо кард, дар ибтидои ҷаласот ҳузури ороме дошт бо алоқа пушти раҳл меншисат, дар озмуни ибтидоӣ дар ҷаласот довталаб шуд то тиловат кунад ва ман ба хотири навҷавонии ӯ таваққӯъ як рӯхонӣ доштам, аммо тиловати гарм ва зеборо шунидам.»
Ҳусайни Муҳаммадӣ дар заминаи фаолиятҳои мазҳабӣ низ бисёр пӯё буд. Ӯ дар ҳайати масҷиди маҳал, ки аз сӯи шаҳид сафорӣ шакл гирифт, ба омӯзиши қироати Қуръон пардохт ва бо даъват аз қуррои машҳур аз ҷумла Шаҳриёри Парҳезкор, Мансури Қасризода, Ҳушанги Муҳаммадиван ва ... мустамионро бо каломи ваҳй ошно карда ва ононро ташвиқ ба ширкат дар килосҳои Қуръон мекард. Ҳусайн натанҳо дар килоси дарси қироат ва ҳайат балки дар мадраса, пойгоҳҳои мухталифи басиҷ ва ... фаолияти чашмгире дошт ва ин ҳамаро аз чашми дигарон махфӣ нигоҳ медошт, ки ин низ аз хулуси нияти ӯ буд.
Ӯ ба ҳамроҳи бародар ва дӯстонаш шаҳид Ҳамиди Саффорӣ, Алии Чангӣ ва ҷамъе дигар аз бачаҳои маҳал, озими ҷабҳаҳои ғарб шуд ва дар амалиёти Байтулмуқаддас, ки дар иртифоъоти шайх Муҳаммад анҷом шуд, ширкат кард. Дар шаби амалиёт ва дар иди Фитри соли 1367 дар баландтарин кӯҳи минтақа, яъне иртифоъот, вай ҳадафи тири мустақими қанноса қарор гирифт ва ба дараҷаи рафеи шаҳодат расид.
Дар идома тиловати оёти 37 то 49 сураи муборакаи Арраҳмон бо садои шаҳиди Ҳусайни Муҳаммадӣ мунташир шудааст.