IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 37

Таъбири Қуръонии “Қарз” ба Худо барои кӯмак ба ниёзмандон

15:23 - July 19, 2023
рақами хабар: 238
Мавзӯъи қарз додани ба Худо, ҳафт бор дар Қуръон омадааст, ки далолат бар як дастури иҷтимоӣ яъне кумак ба ниёзмандон дорад. Ин таъбир маонии пинҳоне дорад, ки қобили таваҷҷуҳ аст.

مَنْ ذَا الَّذِي يُقْرِضُ اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا فَيُضَاعِفَهُ لَهُ أَضْعَافًا كَثِيرَةً وَاللَّهُ يَقْبِضُ وَيَبْسُطُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ; “Кист он кас, ки ба [бандагони] Худо қарзи некӯе диҳад то [Худо] онро барои ӯ чанд баробар бияфзояд ва Худост, ки [дар маишати бандагон] маҳдудият ва кушоиш падид ме‏оварад ва ба сӯи Ӯ бозгардонда ме‏шавед” (Бақара, 245)

Қарз додан ба Худованд ба маънои инфоқ (кумак ба ниёзманд) аст, ки дар роҳи Худо анҷом мешавад. Ишораи ояти боло ба ин аст, ки тасаввур накунед инфоқ ва бахшиш, амволи шуморо кам мекунад, балки густариш ва маҳдудияти рӯзии шумо ба дасти Худост.

Мавзӯъи қарз додани ба Худо, ҳафт бор дар Қуръон омадааст. Тафсири Маҷмаулбаён, шароитеро барои қарзулҳасана баён кардааст:

1- Аз моли ҳалол бошад. 2- Аз моли солим бошад. 3- Барои масрафи зарурӣ бошад. 4- Беминнат бошад. 5- Бериё бошад. 6- Махфиёна бошад. 7- Бо ишқ ва исор пардохт шавад. 8- Сареъ пардохт шавад. 9- Қарз диҳанда Худовандро бар ин тавфиқ шукргузор бошад. 10- Обрӯи гирандаи қарз ҳифз шавад.

“Қарз”, дар забони арабӣ ба маънои буридан аст ва инки ба вом, қарз мегӯяанд бахотири он аст, ки бахше аз мол бурида ва ба дигарон дода мешавад то дубора боз пас гирифта шавад. Калимаи “Баст” ба маънои кушоиш ва вусъат аст ва “Басот” ба аҷносе гуфта мешавад, ки дар замин паҳн шуда бошад.

Ҷиҳод, гоҳе бо ҷон аст, ки дар ояти қабл аз ин оят матраҳ шуда ва гоҳе бо ҷиҳодт бо мол ва сарват аст, ки дар ин оят матраҳ шудааст.

Таъбири қарз ба Худованд, нишон диҳандаи он аст, ки подоши қарзулҳасана бар ӯҳдаи Худованд аст. Ба ҷои фармон ба қарз додан, савол мекунад, ки кист, ки ба Худованд қарз диҳад, то мардум эҳсоси икроҳ ва иҷбор дар худ накунанд, балки бо майл ва рағбат ва ташвеқ ба дигарон қарз диҳанд.

Аз онҷо, ки инсон ғаризаи манфаат талабӣ дорад, лизо Худованд барои таҳрики инсон, аз ин ғариза истифода карда ва мефармояд: فَيُضاعِفَهُ لَهُ أَضْعافاً; “[Худо] онро барои ӯ чанд баробар меафзояд”.

Ба ҷои “қарз ба мардум” фармуд: “Ба Худованд қарз диҳед”, то фуқаро эҳсос кунанд Худованд худашро ба ҷои онон гузошта ва эҳсоси заъф ва зиллат накунанд.

Бо инки вуҷуди мо ва ҳарчи дорем аз Худованд аст, аммо Худованд гоҳе худро муштарӣ ва гоҳе қарзгиранда муаррифӣ мекунад то моро ба ин кор ташвиқ кунад.

Подоши Худо ба қарздиҳандагон, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аст. Зеро дар канори « أَضْعافاً كَثِيرَةً» мефармояд: «وَ إِلَيْهِ يُرْجَعُونَ; Ба сӯи ӯ баргардонда мешаванд» гӯё ҳисоби қиёмат, ҷудо аз подошҳои дунявӣ аст.

Пеши бадомӯзӣ ва сӯи бардошт бояд гирифта шавад. Агар дар аввали оят, Худованд бо лаҳни муҳаббатомез аз мардум қарз мехоҳад, ба дунболи он мефармояд: « وَ اللَّهُ يَقْبِضُ وَ يَبسُطُ» то мабодо гурӯҳе хиёл кунанд, ки Худованд фақир аст ва бигӯянд: إِنَّ اللَّهَ فَقِيرٌ وَ نَحْنُ أَغْنِياءُ; Худо фақир аст ва мо баҳраманд! (Оли Имрон, 181) ва ҳамчунин бидонанд, ки қарз гирифтани Худо, барои рушди инсон аст, на ба хотири ниёзи Ӯ.

Мунофиқон мегуфтанд: ба мусулмонон инфоқ накунад то аз атрофи Расули Худо пароканда шаванд. Қуръон дар ҷавоби онҳо фармуд: “Онҳо дар чӣ боваре ҳастанд, магар намедонанд хазоини осмонҳо ва замин дар дасти Худованд аст!” (Мунофиқун, 7).

captcha