Ба гузориши ИҚНО ба нақли Скай Нюз, Аксюс ба нақли манбаъҳои огоҳ хабар дод, ки Доналд Трамп, президенти Амрико, нақша дорад, душанбеи 21-умин меҳр ба Миср сафар кунад ва бо Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, президенти ин кишвар, мулоқот кунад.
Бар асоси ин гузориш, Трамп қарор аст дар ҷараёни сафар ба Миср дар маросими имзои созишномаи оташбаси Ғазза бо ширкати дигар кишварҳои кафил аз оташбас, яъне Қатар, Туркия ва Миср, иштирок кунад.
Чор манбаи огоҳ изҳор доштанд, ки Трамп нақша дорад нишасти байналмилалӣ дар мавзуи Навори Ғазза баргузор кунад. Ин нишаст эҳтимолан рӯзи сешанбе дар Шарм-ул-Шайх бо ҳузури намояндагони Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Италия, Қатар, Иморот, Урдун, Туркия, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Индонезия дар Миср баргузор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи як мақоми амрикоӣ, интизор меравад, ки Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар ин маросим иштирок накунад.
Мақомҳои амрикоӣ тасдиқ карданд, ки Трамп нақша дорад дар ин нишаст ширкат кунад, дар ҳоле ки Кохи Сафед аз ҳар гуна баён дар ин мавзӯъ худдорӣ кардааст.
Аксюс шарҳ дод, ки ин нишаст барои ҳамбастагӣ ва дастгирии байналмилалӣ аз нақшаи сулҳи Трамп барои Ғазза кӯмак хоҳад кард, махсусан бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои ҳалнашуда байни Ҳамос ва Исроил, ба монанди ҳукуматдорӣ, амният ва барқарорсозӣ.
Эҳтимол меравад, ки Трамп субҳи душанбе ба Армонҳои ишғолӣ ва Тел-Авив сафар кунад ва дар он ҷо дар Кнесети режими саҳюнистӣ суханронӣ кунад ва бо хонаводаҳои асирони Исроил мулоқот намояд.
Вай баъдан барои мулоқот бо президенти Миср ва ширкат дар маросими имзои марҳалаи аввалини нақшаи худ барои анҷом додани ҷанг, ба Миср меравад.
Трамп рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки барои ширкат дар маросими имзои созишномаи оташбас дар Навори Ғазза ба Миср сафар мекунад.
4309974