Ҳафтоду севумин сураи Қуръони Карим “Муззаммил” ном дорад. Ин сура бо 20 оят дар ҷузъи 29 Қуръони Карим қарор гирифтааст. Ин сура, ки макӣ аст, дар тартиби нузул севумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Номи сура аз ояти аввал гирифта шуда, ки ишора ба Паёмбар (с) дорад ва ба маънои касе аст, ки либос ба худ печидааст. “Муззаммил” ба маънои касе аст, ки либос ё чизе ба худ мепечад то бихобад ё масалан аз сармо дур бимонад. Ба назар мерасад ишора ба Паёмбари Ислом (с) дорад, ки пас аз азият ва озори мушрикон, он ҳазрат барои дуркардани ғам ва андӯҳ, либос ба худ печида буд то лаҳзае истироҳат кунад. Ва манзур аз “бархостан” (қум) дар ин оят, бедор шудан ва талош кардан дар роҳи Худост.
Аз ҷумла мавзӯъоте, ки дар ин сура матраҳ шуда, даъвати Паёмбар (с) ба ибодати шабона ва қироати Қуръон ва шакебоӣ баробари кофирон ва баҳс аз маод аст.
Ин сура Паёмбари Ислом (с)-ро ба инки намози шаб бихонад, то ба ин васила омодаи гирифтани масъулияте шавад, ки ба зудӣ ба ӯ дода мешавад. Тибқи ончи муфассирон гуфтаанд, ин масъулият дарёфти Қуръон аз тарафи Худованд аст. Ин тавсия на фақат барои Паёмбар, балки тавсияи умумӣ ва таъкиде барои ҳамагон аст, ки ибодати шабона қудратмандтар аст: إِنَّ نَاشِئَةَ اللَّيْلِ هِيَ أَشَدُّ وَطْئًا وَأَقْوَمُ قِيلًا: “Мусалламан намоз ва ибодати шабона побарҷотар ва бо истиқоматтар аст” (Муззаммил/ 6)
Ҳамчунин ба Паёмбар дастур медиҳад, ки дар баробари суханони озордиҳандаи душманон сабр кунад ва аз касоне, ки ӯро шоир ё девона мехонанд канорагирӣ кунад. Боз ҳам ин тавсия махсуси Паёмбар нест ва як тавсияи умумӣ барои мӯъминон аст. Ин сура пас аз таҳдид ва ҳушдор додан ба кофирон, ба мӯъминон низ дастур медиҳад дар баробари сахтиҳо сабр кунанд.
Яке аз оёти ин сура дар мавриди равиши саҳеҳи хондани Қуръон аст. Ояти чаҳоруми ин сура мефармояд: و رَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتِیلاً: “Ва Қуръонро шумурда шумурда бихон”. “Тартил” дар асл ба маънои “танзим” ва “тартиби мавзун” аст ва дар инҷо ба маъни хондани оёти Қуръон ба сурати шумурда ва муназзам, бо адои саҳеҳи ҳуруф, баёни калимот, тафаккур дар мафоҳими оёт ва андеша дар натоиҷи он аст.
Калидвожаҳо: сураҳои Қуръон, 114, сураи Муззаммил, сахтиҳои Паёмбари Ислом, шеваи саҳеҳи қироати Қуръон, тавсия ба мусулмонон