Ба гузориши “ИКНА”, забони тоҷикӣ ба унвони бистудувумин забони хабаргузории байналмилалии қуръонии “ИКНА”, бо ҳузури ҳуҷҷат-ул -Ислом вал-муслимин Муҳсини Қумӣ, муовини байналмилали дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, “Ҳасани Муслими Ноинӣ”, раиси Ҷиҳоди донишгоҳӣ ва “сайид Маҳдии Мустафавӣ”, ҷонишини муовинати Иртиботот ва умури байналмилалии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ ифтитоҳ шуд. Хабаргузории байналмилалии Қуръон, ки бо номи ихтисории “ИКНА” (iqna) хонда мешавад аз назари теъдоди забон мақоми аввалро дар байни хабаргузориҳои кишвар дорад ва афзоиши забонҳои ин расона, буъди байналмилалии ахбори қуръониро афзоиш додааст, чунонки дар ҳоли ҳозир мизони муроҷеа ба забонҳои хориҷӣ дар садри боздидҳои ин хабаргузорӣ аст. ИКНА дар тарҷумаи ахбор ба дигар забонҳо рисолати азимеро барои худ қоил буда ва эътиқод дорад ахбори Қуръон метавонад ба ҷойгоҳе бирасад, ки нақши ваҳдатбахшеро дар миёни милали исломӣ ва мусулмонони ҷаҳон иҷро кунад, ҳамчунон ки худи Қуръон ҳаблулматини мусулмонон аст. Роҳандозии забонҳои ИКНА бар асоси коршиносиҳои анҷомшуда тавассути ин расона ва ҳамчунин эъломи ниёзи корбарон ва муассисоти исломӣ дар кишварҳои дигар анҷом мешавад. Форсии тоҷикӣ, ки аз он бо номи забони тоҷикӣ ё форсии Варорудӣ низ ёд мешавад, ба гӯише гуфта мешавад, ки дар Осиёи Миёна, ба вижа дар кишварҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ба он гуфтугӯ мешавад. Тоҷикӣ забони расмии Тоҷикистон дар канори форсӣ дар Эрон ва дарӣ дар Афғонистон яке аз се гунаи расмӣ ва меъёри забони форсӣ аст. Бар асоси гузоришҳои расмӣ шумори тоҷикон дар Тоҷикистон 9 миллион ва дар Узбакистон 10 миллион гузориш шуда ва ҳамчунин 20% ҷамъияти Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Мазҳаби аксарияти тоҷикон ҳанафӣ аст ва ҳамчунин ақаллияте аз мазҳаби имомия ва хусусан исмоилия низ дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон, Ҳирот, Балх ва … вуҷуд доранд, ки бо дигар ақвом ва мазоҳиб зиндагии мусолиматомез доранд.
4140719