IQNA

Кӣ барои иҷрои маносики ҳаҷи имсола манъ шудааст?

11:52 - May 21, 2026
рақами хабар: 4650
Мақомоти Арабистони Саудӣ барои баргузории маносики ҳаҷи имсола қоидаҳои сахтгиронае ҷорӣ кардаанд, ки монеи иҷрои ин маносик барои бархе аз гурӯҳҳо мешавад.

Бино ба гузориши икно ба нақл аз «Араби-21», бо наздик шудани мавсими ҳаҷи соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ (2026 милодӣ), мақомоти саудӣ қоидаҳои сахтгиронаро бо шиори «Бе иҷозатнома, ҳаҷ мамнӯъ аст» иҷро мекунанд.

Ин иқдомот бо ҳадафи идораи ҷамъияти зиёд, таъмини амнияти миллионҳо зоир ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои беҳдоштӣ ё амниятӣ бо таваҷҷуҳ ба шароити душвори обуҳавои пешбинишуда сурат мегирад.

Арабистони Саудӣ сиёсати ҷомееро қабул кардааст, ки илова бар маҳдудиятҳои беҳдоштӣ ва синнусолӣ, иҷозатномаи расмиро ба унвони шарти асосии вуруд ба Макка ва маконҳои муқаддас лозим медонад.

Ин қоидаҳо аз моҳи апрели соли 2026 иҷро шуданд ва вуруд ё иқомат дар Маккаро танҳо ба гурӯҳҳои зерин маҳдуд карданд: дорандагони иҷозатномаи расмии ҳаҷ, ки тавассути платформаи «Nusuk» содир шудааст; дорандагони иҷозатномаи иқомат, ки дар Макка содир шудааст ва дорандагони иҷозатномаи кории электронӣ дар маконҳои муқаддас.

Ҳамчунин дорандагони ҳама намуди визаҳои зиёративу туристӣ, умра ё ҳар намуди дигар низ аз вуруд ё иқомат дар қаламрави ин кишвар дар муддати муайяншуда (то поёни мавсими ҳаҷ) манъ шудаанд. Содири виза барои ҳаҷи умра низ дар ин муддат муваққатан ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ ҷаримаҳои боздорандаеро барои мутахаллифон (қонуншиканон) ҷорӣ кардааст, аз ҷумла ҷаримаи пулӣ то сатҳи 20 ҳазор риёли саудӣ барои ҳар касе, ки бидуни иҷозатнома иқдом ба иҷрои ҳаҷ ё вуруд ба минтақа кунад.

Ин муҷозотҳо ҳамчунин шомили ихроҷи фаврӣ ва манъи вуруд ба кишвар то 10 сол барои сокиноне, ки қонунҳоро нақз мекунанд, мешавад. Ҷаримаҳои пулӣ то сатҳи 100 ҳазор риёл барои ҳар касе, ки ба мутахаллифон кумак кунад, ба онҳо паноҳ диҳад ё онҳоро интиқол диҳад ё барои касе, ки қасди нақзи муқарраротро дорад, дархости виза кунад, татбиқ хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин иқдомот ҷилавгирӣ аз тахаллуфоти гузашта ва танзими беҳтари рафтуомад эълом шудааст.

Инчунин, дар ҳавзаи масоили тиббӣ ва беҳдоштӣ бар асоси санади «Талабот ва тавсияҳои беҳдоштӣ барои мусофирони ҳаҷи 1447 ҳиҷрии қамарӣ/2026» аз ҷониби Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳое дар назар гирифта шудааст ва бар асоси он, касоне, ки ба бархе аз бемориҳо мубтало бошанд, иҷозаи баргузории маносики ҳаҷро нахоҳанд дошт.

Мақомоти саудӣ изҳор доштанд, ки ин иқдомот бахше аз талошҳои онҳо барои беҳбуди таҷрибаи ҳаҷ ва афзоиши стандартҳои бехатарӣ ва созмонӣ, бо тамаркуз бар ҷанбаҳои беҳдоштӣ ва логистикӣ дар тӯли баргузории маросим аст.

4353220

captcha