IQNA

Эътисоби ғизои 87 фаъол аз "Навгони Сомуд"

12:02 - May 21, 2026
рақами хабар: 4651
"Навгони Ҷаҳонии Сомуд" эълом кард, ки 87 нафар аз фаъолони ин навгонӣ дар эътироз ба тавқиф ва боздошт аз ҷониби режими Исроил ва дар ҳамраъстӣ бо асирони фаластинӣ дар зиндонҳои ин режим, даст ба эътисоби ғизо задаанд.

Бино ба гузориши икно ба нақл аз Телевизиони Арабӣ, ин навгонӣ дар як изҳорот дар шабакаи иҷтимоии "X" эълом кард, ки бори дуввум дар тӯли се ҳафтаи гузашта, артиши Исроил фаъолони ин навгониро дар обҳои байналмилалӣ боздошт кардааст. Дар ин изҳорот омадааст, ки ин иқдом рабудани ғайриқонунӣ аст ва онро маҳкум мекунад.

Бар асоси ин изҳорот, эътирозгарон ба ҷуз аз эътироз ба ин боздошт, дар ҳамраъстӣ бо беш аз 9500 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими Исроил, эътисоби ғизоро оғоз кардаанд. Ин навгонӣ ҳамчунин хостори озодии ҳамаи боздоштшудагон, маҳкумияти иқдомоти режими Исроил аз ҷониби давлатҳо ва поёни муҳосираи навори Ғазза шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи режими Исроил дар як изҳорот эълом кард, ки тамоми 430 фаъоли ин навгонӣ боздошт ва ба манотиқи ишғолшуда интиқол дода шудаанд, то бо намояндагони консулии худ дидор кунанд.

Пештар, Маркази амалиёти бӯҳрони ин навгонӣ эълом карда буд, ки артиши Исроил ба таври ғайриқонунӣ ба ҳамаи киштиҳои ин корвон дар обҳои байналмилалӣ ҳамла карда ва фаъолонро боздошт кардааст. Дар ин амалиёт, охирин киштӣ, ки ҳадаф қарор гирифтааст, «Лина Набулсӣ» будааст.

Ин навгонӣ шомили тақрибан 50 киштӣ ва 428 фаъол аз 44 кишвар буда ва бо 54 қаиқ аз бандари Мармарис, Туркия ҳаракат карда буд, то барои шикастани муҳосираи навори Ғазза, ки аз соли 2007 амалӣ шудааст, талош кунад.

4353153

captcha