Ба гузориши манобеи хабарӣ, панҷоҳу панҷумин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Қоҳира шоҳиди арзаи нусахи Қуръон ва кутуби динии мутааддид ба хатти Брайл будааст. Бахши умдаи ин осор аз сӯи анҷумани Мазоя вижаи нобиноён дар салони 4 ин намоишгоҳ арза шудааст. Анҷумани Мазоя, ҳадаф аз намоиши ин осорро ошнокардани боздидкунндагон аз ин рӯйдод бо фаъолиятҳои анҷом шуда дар ростои омӯзиши Қуръон ва улуми динӣ ба нобиноён баён кардааст.
Мавзеи китобҳои арзашуда дар ғурфаи анҷумани Мазоя шомили Қуръони Карим ва тафсирҳои мухталифи он, сираи набавӣ ва осоре аз андешамандони қуръонии муосири Миср дар ҳавзаи ҷидол бо мулҳидон ва ҳамчунин ҳуқуқи занон аст.
Омӯзиши Қуръони Карим ба нобиноён дар Миср аз дербоз марсум будааст ва бархе аз машҳуртарин қориён ва ҳофизони мисрӣ нобино будааст. Боинҳол ин омӯзишҳо дар гузашта танҳо ба шеваи суннатӣ ва симоъ анҷом мешавад. Дар солҳои ахир истифода аз фановариҳои навин ба вижа истифода аз кутуби омӯзишӣ ба хатти Брайл ва нармафзорҳои қуръонӣ низ бисёр мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Ин намоишгоҳ бо ҳузури 1200 ношир аз беш аз 70 кишвари ҷаҳон дар Қоҳира пойтахти Миср дар ҳоли баргузорӣ аст.
Кумитаи олии намоишгоҳи имсоли Қоҳира Салим Ҳасан, мисршиноси барҷастаро ба далели нақши умдаи вай дар таҳкими ҳувияти мисрӣ ба унвони шахсияти панҷоҳу панҷумин давраи намоишгоҳи Қоҳира баргузидааст. Умда фаъолияти ин мисршиноси бузург ба баррасии таърихи Миср аз даврони фароина то авохири асри юнонӣ ихтисос ёфтааст.