IQNA

Назорати илоҳӣ ва афзоиши худкантролӣ

19:00 - February 01, 2024
рақами хабар: 1019
ИКНА - Огоҳии инсон бар назорати чандҷонибаи Худованд ва фариштагон ва сабти дақиқи ниятҳо, гуфтор ва рафтораш, метавонад ба эҷоди ҳисси ҳузур ва шарм дар даруни инсон ва тақвияти худкантролӣ биянҷомад.

Бисёре аз боварҳои исломӣ дар Қуръони Карим мӯҷиби тақвияти худкантролӣ мешавад; Аз ҷумлаи онҳо назорати илоҳӣ аст. Қуръони Карим мефармояд оё инки инсон дар маҳзари Худованд аст ва Худоро нозир бар ҳақиқати аъмоли худ медонад, боис намешавад то ӯ даст аз гуноҳ ва такзиби дин бардорад: أَلَمْ يَعْلَمْ بِأَنَّ اللَّهَ يَرَى; “Магар надониста, ки қатъан Худо [ҳамаи корҳояшро] мебинад?”. (Алақ, ояти 14).

Назорати илоҳӣ вижагиҳои мунҳасирбафарде дорад; Аввалан ин назорат шомили тамоми абъоди зиндагии инсон шомил мешавад: وَکانَ اللَّهُ عَلَى کلِّ شَيْءٍ رَقِيبًا; “Ва Худо бар ҳар чиз (ва бар ҳудудаш) муроқиб ва нигаҳбон аст”. (Аҳзоб, ояти 52); Сониян аз ҳеҷ амали кӯчг ва бузурге чашмпушӣ намешавад; Ҳамонтавре, ки муҷримин дар рӯзи қиёмат ҳароснок ва бо тааҷҷуб мегӯянд: يَا وَيْلَتَنَا مَالِ هَذَا الْكِتَابِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً إِلَّا أَحْصَاهَا; “Эй вой бар мо, ин чӣ китобе аст, ки ҳеҷ амали кӯчак ва бузургеро фурӯ нагузоштааст магар онки онро ба ҳисоб овардааст”. (Каҳф, ояти 49).

Солисан илова бар назорати илоҳӣ, фариштагони бузургаворе низ масъули сабт ва забти аъмоли бандагон ҳастанд: وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَافِظِينَ كِرَامًا كَاتِبِينَ يَعْلَمُونَ مَا تَفْعَلُونَ; “Ва бетардид бар шумо нигаҳбононе гумоштаанд, бузургаворони нависанда, ки ончиро [аз хайр ва шар] анҷом медиҳед, медонанд [ва забт мекунанд]”. (Инфитор, ояти 10-12). Огоҳӣ ба ин назорати чандҷониба ва ҳузур ва ҳамроҳии фариштагони бузургавор ва огоҳ бар аъмоли бандагон, метавонад ба эҷоди ҳисси ҳузур ва шарм дар даруни инсон ва тақвияти худкантролӣ беянҷомад.

Вижагии чаҳорум ин аст, ки инсон асли амал ва моҳияти ҳақиқии онро ба шакли комил дар рӯзи қиёмат мушоҳида мекунад: يَوْمَ تَجِدُ کلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ مِنْ خَيْرٍ مُحْضَرًا; “Рӯзе, ки ҳар кас, ончиро аз кори нек анҷом дода, ҳозир мебинад”. (Оли Имрон, ояти 30). Дарки ин навъ ҳисобрсӣ дар муқоиса бо қавоиди дунё ба содагӣ қобили фаҳм нест, аммо бо таваҷҷуҳ ба қавоиди олами охират, инсон дар онҷо бо ҷилваи ҳақиқии аъмолаш мувоҷеҳ мешавад.

Бинобар ин навъи нигариши инсон ба робитаи дунё ва охират мӯҷиби тақвияти худкантролии ӯ мешавад. Агар инсон ба ин бияндешад, ки ҳаёти абдӣ ва сарнавишти ӯ дар охират ба чигунагии зиндагии ӯ дар ин ҷаҳон бастагӣ дорад, дар тамоми лаҳазоти зиндагӣ муроқиби ҷузъиёти рафтор ва ончи аз ӯ содир мешавад, хоҳад будд; Чаро ки дар баробари матои ночизи дунё, олами абадияте дар пеши рӯ дорад: قُلْ مَتَاعُ الدُّنْيَا قَلِيلٌ وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ لِمَنِ اتَّقَى; “Сармояи зиндагии дунё, ночиз аст ва сарои охират, барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст”. (Нисо, ояти 77).

captcha