IQNA

Ҳузури раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар ҳарами мутаҳҳари имом Хуманӣ

19:10 - February 01, 2024
рақами хабар: 1020
ИКНА - Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ дар остонаи даҳаи Фаҷр дар марқади бунёнгузори кабири Инқилоби Исломии Эрон ҳозир шуданд.

Ба гузориши ИКНА, дар остонаи даҳаи Фаҷри чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби Исломӣ, ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ дар марқади бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, имом Хумайнӣ резвонуллоҳи алайҳ, ҳозир шуданд ва бо қироати намоз ва Қуръон, ёд ва хотираи имоми азимушшаъни миллати Эронро гиромӣ доштанд.

Раҳбари Инқилоби Эрон ҳамчунин бо ҳузур бар мазори шаҳидони олимақом Биҳиштӣ, Раҷоӣ, Боҳунар ва шуҳадои ҳодисаи ҳафтуми тир моҳ, улувви дарҷоти ононро аз Худованди Мутаол масъалат карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ сипас дар Гулзори шаҳидони сарафроз ҳузур ёфтанд ва ба арвоҳи мутаҳҳари мудофеони Ислом ва Эрон адои эҳтиром карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4197059

captcha