IQNA

Бунёнгузори рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар гуфтугӯ бо ИКНА матраҳ кард

20:48 - February 03, 2024
рақами хабар: 1027
ИКНА - Занони мӯҳаҷҷаба дар Ғарб; Аз чолиши табъиз ва пешдоварӣ то тақвияти ҳамбстагӣ ва бурдборӣ.

Назма Хон гуфт: ҳадафи аслии ман аз роҳандозии рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб огоҳибахшӣ дар бораи ҳиҷоб дар саросари ҷаҳон аст то хоҳаронам битавонанд бидуни мувоҷиҳа бо таассуб, табъиз ва пешдоварӣ, ҳиҷобро имтиҳон кунанд.

Назма Хон (Nazma Khan) дар ёздаҳ солагӣ ба ҳамроҳи хонаводааш аз Бангладеш барои зиндагӣ ба Нию-Йорк муҳоҷират кард. Ӯ ба унвони як духтари мӯҳаҷҷаба пас аз солҳо таҳаммули рафторҳои табъизомез дӯстон ва тамасхур аз сӯи ҳамклосиҳои худ, дар ҷавонӣ тасмим гирифт мардуми Амрико ва кишварҳои дигарро бо ҳиҷоб ва фалсафаи он ошно кунад. Ба ҳамин манзур ӯ дар соли 2013 рӯзи аввали февралро ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб» номгузорӣ кард ва аз занони ғайримусулмон хост дар ин рӯз русрӣ бар сар кунанд то бо ҳиҷоб аз наздик ошно шаванд. Ин иқдоми ӯ натанҳо аз сӯи занони мусулмон балки аз сӯи ҳазорони зани ғайримусулмон бо истиқбол рӯбарӯ шуд ва ҳар сола ба муносибати ин рӯз дар даҳҳо кишвар маросим ва барномаҳои хоссе баргузор мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом, афзоиши огоҳӣ дар мавриди ҳиҷоб, тарвиҷи мудорои динӣ ва мубориза бо табъиз аст.

Аввали феврали 2024 дувоздаҳумин соли номгузории ин рӯз бо баргузории барномаҳои мухталифе дар сартосари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Шиори имсоли ин рӯз: пӯшида бо қудрат (Veiledin Strength) аст ва барномаҳо ва кампайнҳои густурдае дар беш аз 150 кишвар ба муносибати ин рӯз тадорук дида шудааст. 

Назма Хон, дар гуфтугӯ бо  ИКНА дар бораи иллати номгузории ин рӯз гуфт: пас аз ҳаводиси ёздаҳи сентябр бисёре аз мардуми Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, Исломро баробар бо терроризм медонистанд, бинобар ин бархе ӯро Асома ибни Лодан ва террорист садо мекарданд.

Вай дар бораи ҳадафи худ аз номгузории ин рӯз гуфт: ҳадафи аслии ман аз роҳандозии рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб, омӯзиш ва огоҳибахшӣ дар бораи ҳиҷоб дар саросари ҷаҳон аст то хоҳаронам битавонанд бидуни мувоҷиҳа бо таассуб, табъиз ва пешдоварӣ, ҳиҷобро имтиҳон кунанд.

Ноогоҳӣ, решаи аслии исломҳаросӣ

Вай дар бораи решаҳои исломҳаросӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ғарбӣ гуфт: мӯътақидам иллати аслии исломҳаросӣ ноогоҳӣ ва адами омӯзиши саҳеҳ дар бораи Ислом аст. Ман бештар, расонаҳо ва соҳибони қудратро ба хотири интишори иттилооти нодуруст дар бораи Ислом муқассир медонам.

Гуфтнӣ аст дар соли 2023, Назма Хон ба далели фаъолиятҳои иҷтимоии худ дар ҳимоят аз мусулмонон аз ҷумла номгузории унвони яке аз бартарини 50 мусулмони таъсиргузор дар қорраи Амрико муаррифӣ шуд. Ӯ акнун мудири Веб-сайти WWW.worldhijabday.com аст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва думболкунандагони зиёде дорад.

https://iqna.ir/fa/news/4196810

captcha