Васваса ва фиреб, масире аст, ки шайтон барои мунҳариф кардани инсон ба кор мебарад. Ба фармудаи Худованд, душмании шайтон аз ҳамон ибтидои хилқати инсон ошкор шуд: لَا تَعْبُدُوا الشَّيْطَانَ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ “Шайтонро напарастед зеро вай душмани ошкори шумост” (Бақара, 208).
Гарчи шайтон бар инсон тасаллут надорад, вале бо абзорҳое монанди иғфол, васваса ва ... ӯро ба гумроҳӣ мекашонад. Аммо оё инсон дар баробари ӯ комилан бедифоъ аст?
Қуръони Карим пас аз муаррифии шайтон ва роҳҳои нуфузи ӯ, роҳкорҳое барои раҳоӣ аз ин хатар баён мекунад:
Аввалин қадам барои муқобила бо шайтон ва ҳамчунин поксозии рӯҳ аз олудгиҳое, ки шайтон дар он эҷод карда, тавба аст. Нахустин лағзиши инсон бо тавба ҷуброн шуд: فَتَلَقَّى آدَمُ مِنْ رَبِّهِ كَلِمَاتٍ فَتَابَ عَلَيْهِ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ “Одам аз Парвардигораш калимотеро дарёфт намуд ва [Худо] ӯро бахшид, оре Ӯ[ст,ки] тавбапазир ва меҳрубон аст” (Бақара, 37).
Аҳамияти тавба ба ҳадде аст, ки агар касе муваффақ ба он шавад ва ба думболи он корҳои нек анҷом диҳад, натанҳо гуноҳе барои ӯ навишта намешавад, балки Худованд аъмоли нописанди ӯро ба некӣ бадал мекунад. إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا “Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста кунад пас Худованд бадиҳояшонро ба некиҳо табдил мекунд ва Худо ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст” (Фурқон, 70)
Таваҷҷӯҳ доштан ба Худованд бо тамоми вуҷуд, ниёзи рӯҳии инсон аст ва мӯҷиб мешавад ғафлатҳое, ки аз илқооти шайтон аст, хунсо шавад: يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اذْكُرُوا اللَّهَ ذِكْرًا كَثِيرًا (Аҳзоб, 41).
Паноҳ бурдан ба Худованд аз шарри шайтон ва доштани тақво ва дӯр нигаҳ доштани худ аз мавқеиятҳои гуноҳ ва таваккул ба Худованд боис мешавад, ки иродаи инсон бар шайтон ғалаба кунад ва инсон аз масири камоли худ мунҳариф нашавад: إِنَّهُ لَيْسَ لَهُ سُلْطَانٌ عَلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ “Ӯ бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд, тасаллуте надорад (Наҳл, 99).
Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, шайтон, душманӣ, васваса, ҳидоят