Ба гузориши ИКНА; Ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Ал-Қоҳра 24», мутасобиқин ва ҳайатҳои ширкаткунанда дар мусобиқоти байналмилалии Қуръонии "Порт-Сайиди" Миср дирӯз дар намози ҷумъаи масҷиди "Аш-Шотеъ"-и шаҳри "Порт-Сайид" ҳозир шуданд ва пас аз намози ҷумъа масири ин масҷид то майдони "Аш-Шуҳадо" дар хиёбони «23 июли» ин шаҳрро дар ҳимоят аз Ғазза роҳпаймоӣ карда ва ҳамбстагии худро бо мардуми мазлуми ин минтақа эълом карданд.
Одил Муслиҳӣ, мудири иҷроӣ ва нозири мусобиқот дар ин бора гуфт: ҳадаф аз ин роҳпаймоӣ, расондани ин паём ба ҷаҳониён буд, ки куштор ва тахриб бояд мутаваққиф шавад ва сулҳ дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Навори Ғазза фарогир шавад.
Мутасобиқони ҳозир дар ин роҳпаймоӣ ҳамчунин, Мисрро маҳди тамаддунҳо ва сарзамини пайравони адёни мухталиф донистанд ва таъкид карданд, ки онҳо аз кишварҳои мухталиф бо аҳдофи эътилои парчами Қуръон ва номи мубораки Расулаллоҳ (с) дар ин рӯйдод ҳозир шудаанд.
Ойини ифтитоҳияи ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон ва ибтиҳоли динии Миср шомгоҳи ҷумъа, 13 баҳманмоҳ, бо ҳимояти Мустафо Мадбулӣ, нахуствазири Миср ва Одил Ғазбон, устондори Порт-Сайид ва раиси кумитаи олии баргузоркунанда баргузор мешавад ва Аҳмад Умар Ҳошим, аз асотиди барҷастаи Ал-Азҳар, Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири Авқофи Миср ва Асома Аз-Зоҳирӣ, мушовири раисҷумҳури Миср, аъзои кумитаи доварон ва мусобиқот аз ҳозирон дар ин маросим ҳастанд.